Difference between revisions 1166567 and 1176031 on tgwiki

{{Олим
 |ном                 = Абдулҳаким Ғафуров
 | номи аслӣ                 = Абдулҳаким Каримович Ғафуров
|тасвир                 = 
 |бар                 = 
 |тавсифи тасвир          = 
 |таърихи таваллуд       = {{СанаиТаваллуд|2|07|1942}}   
| зодгоҳ                   = {{Зодгоҳ|Самарқанд|шаҳри Самарқанд }}, [[ҶШС Ӯзбекистон]], [[СССРИҶШС]]
 |шаҳрвандӣ            =  {{Парчами Тоҷикистон}} [[Тоҷикистон]]
 |таърихи мдаргузашт           = 6.06.2002 
 |маҳалли мдаргузашт         = {{МаҳаллиМарг|Душанбе|шаҳри Душанбе}}, [[Тоҷикистон]]     
|фазои илмӣ          = биология
 |ҷойҳои кор          =  [[Академияи илмҳои Тоҷикистон]] 
 |дараҷаи илмӣ          = {{Дараҷаи илмӣ|доктор|илмҳои биология}}
 |унвонҳои илмӣ        = {{Унвонҳои илмӣ ||0}}
 |алма-матер           = [[Донишгоҳи миллии Тоҷикистон|Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин]]  
 |роҳбари илмӣ         = 
 |шогирдони маъруф     = 
 |маъруф ба           = 
 |ҷоизаҳо = Медалҳои ҷашнии Шӯрои Вазирони СССР "100-солагии рӯзи тав. академик К.И. Скрябин", "100-солагии зодрӯзи академик Е.Н.Павловский" 
 |имзо                = 
 |бари имзо           = 
 |сайт                 =  
 |викитека             = 
 |викианбор             = 
}}

''' Абдулҳаким Каримович Ғафуров ''' - [[олим]],   [[доктори илм]]ҳои биология (1991), профессор, узви вобастаи [[Академияи илмҳои Тоҷикистон|АИ Тоҷикистон]] (1997).
== Зиндагинома == 
Абдулҳаким  Ғафуров  ([[2 июл]]и [[1942]] дар [[Самарқанд]] ба дунё омадааст. Коргари заводи рехтагарии ш. Самарқанд, шогирди устои қолабсоз (1958-1959). Факултети  биологияи [[Донишгоҳи миллии Тоҷикистон|Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин]]ро хатм кардааст (1964).   Аспиранти назди Институти зоология ва паразитологияи ба номи Е.Н. Павловскийи (ИЗИП)  [[Фарҳангистони улуми Тоҷикистон|АИ Тоҷикистон]] (1964-1967). Се сол дар Лаборатрияи гелминтологияи АИ [[СССРИҶШС]] таҳсил кардааст (1964-1967). Пас аз хатми аспирантура ходими хурди илмии Институти зоология ва паразитологияи ба номи Е.Н. Павловскийи (ИЗИП)  [[Фарҳангистони улуми Тоҷикистон|АИ Тоҷикистон]] (1967-1968). Соли 1968 дар Институти Умумиит. гелминтологияи ба номи К.И. Скрябин (ФР) дар мавзӯи “Гамбускҳои сиёҳтана-соҳибони андармиёни гелминтҳои ҳайвоноти мӯҳрадори  Тоҷикистон” рисолаи номзади дифоъ кардааст. Ходими калони илмӣ (1969-1986), мудири шӯъбаи паразитологияи Институти зоология ва паразитологияи ба номи Е.Н. Павловскийи [[Фарҳангистони улуми Тоҷикистон|АИ Тоҷикистон]]  (1986-1992).   
==Фаъолияти илмӣ==
Рисолаи  докториро низ дар Москва дар Институти умумиит. гелминтологияи ба номи К.И.Скрябин дар мавзӯи “Таснифот, филогенияи мермитид ва асосҳои биологии истифодаи амалии онҳо” ҳимоя кардааст (1991). Доир ба мермитидҳо-нематодҳои паразити ҳайвоноти мӯҳрадормаводи фаровони илмӣ гирд овард, ки ба мавзӯи рисолаи номзадӣ тамоман дахл надошт лекин бинобар ғайрату суботкории беандозааш дар як муддати кӯтоҳ мутахассиси пешбари ин соҳа гардид. Дере нагузашта барои муайян кардани маводи илмӣ ва маслиҳат бисёр олимони собиқ ҷумҳуриҳои Назди Балтика, Украина, Русия, Арманистон ва Осиёи Миёна ба ӯ муроҷиат мекарданд. Дар асоси таҳқиқи морфологии заҳрдоршавии маводи фаровони илмии минтақаҳои гуногуни СССР; Карелия, Украина Қазокистон, Ӯзбекистон, Арманистон,   Қирғизистон ва Тоҷикистон  44 намуди  дар илми биология нав, аз ҷумла 3 насли нав ва 2 ҷинсу  3 зероилаи  нави мермитидҳо тавсиф ва асоснок кардааст. Ғайр аз ин системаи тамоман нави  оилаи мермитидҳоро тартиб додааст. Бори нахуст типологияи сиклҳои ҳаётан муҳимро тартиб дода, масъалаҳои муносибати паразит ва соҳиб, пайдоиш ва таҳаввулоти меримитидҳоро таҷдиди назар кардааст.
Муаллифи 90 асару мақолаи илмӣ, аз ҷумла 2 монография буда,   таҳти роҳбарии ӯ 3 унвонҷӯ  рисолаи номзади ҳимоя намудааст. 
== Ҷоизаҳо ==
Бо медали ҷашнии Совети Вазирони СССР бахшида ба ёдбуди 100-солагии рӯзи тав. академик К.И. Скрябин  ва медали ҷашнии Совети Вазирони СССР бахшида ба муносибати 100-солагии зодрӯзи академик Е.Н.Павловский  мукофотонида шудааст. шудааст.<ref>Аслҳо ва наслҳо. – Душанбе, 2013, с.46-47</ref>	
== Манобеъ==
<references/>

[[Гурӯҳ:Олимони Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Биологони Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Олимони Фарҳангистони улуми Тоҷикистон]]