Difference between revisions 285097 and 285702 on tgwiki

{{манбаъ}}
{{delete}}
{{Зиндагинома
|Номи тоҷикӣ=Фазлиддин Асозода
|Номи аслӣ=Фазлиддин Асозода
|Акс=Fazliddin.jpg
|Зодрӯз=[[1 июн]]и с [[1980]]
|Зодгоҳ=
|Вазифа=[[рӯзноманигор]]
}}
'''Фазлиддин Асозода''', 1-уми июни соли [[1980]] дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Соли [[1997]] ба факултаи рӯзноманигорӣ ва тарҷумонии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон (ҳозира ДМТ) дохил шуда, соли [[2003]] таҳсилро ба анҷом расонидааст. Солҳои донишҷӯӣ бо ҳафтаномаҳои «[[Ҷавонони Тоҷикистон]]», «[[Оила]]» ва рӯзномаи «[[Ҷумҳурият]]» ҳамкорӣ мекард. Баъди хатми донишгоҳ муддати 1 сол дар муҳоҷирати корӣ дар Русия қарор дошт. Солҳои [[2004-2005]] дар ҳафтаномаи «[[Тоҷикистон]]» ба ҳайси муҳаррири шӯъбаи иқтисодӣ кор кардааст. Баъдан ба сифати муҳаррири масъули ҳафтаномаи «Реклама-сервис», ҷонишини сардабари ҳафтаномаи иттилоотиву сиёсии «[[Нигоҳ]]» ва муҳаррири «[[Нигоҳ]]», сармуҳаррири бахши тоҷикии АМИТ «[[АМИТ Ховар|Ховар]]» фаъолият дошт. Аз моҳи майи соли [[2009]] то сентябри соли 2010 ҷонишини сармуҳаррир ва сармуҳаррири ҳафтаномаи ҷамъиятиву сиёсии «[[Пайкон]]». Аз моҳи сентябри соли 2010 то моҳи сентябри соли 2011 сармуҳаррири Оҷонсии иттилоотии TojNews буд. Аз сентябри соли 2011 инҷониб муҳаррири ҳафтаномаи "Фараж" аст. Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2008). Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2012).

{{bio-stub}}
[[Гурӯҳ:Шахсиятҳо аз рӯи алифбо|*]]