Difference between revisions 293572 and 301601 on tgwiki

[[Акс:Bactria-320BCE.png|thumb|right|250px]]
'''Бохтар''' - калимаи [[забони юнонӣ|юнонӣ]] буда, ноҳияи таърихиро ифода мекунад, ки байни қаторкӯҳҳои [[Ҳиндукуш]] ва Ҳисор, ҷануби Тоҷикистон ва шимоли Афѓонистон, дар боло-оби [[Амударё]] (Окс) ҷойгир аст. Пойтахти ноҳия - Балх-и-Зарринасп ([[Балхи]] ҳозира) аст, ки дар соҳили чапи Амударё вокеъ аст (дар шимоли Афѓонистон). Дар ҷануб он бо ноҳияи [[Гандҳара]], дар шарқ - бо Бадахшон (Помири ҳозира), дар ѓарб - бо Марѓиён (Маргиана), ва дар шимол - бо куҳсори Сакои-нишин ҳамсарҳад будааст. Ноҳияи Бохтар ниҳоят макони бонуфуз ва кадим аст. Мувофики рисолаҳои юнони дар Бохтари асрҳои то-милоди нуздаҳ мардумони гуногун-нажод якҷоя зиндаги ба сар мебурданд. Забони расмии мардумони Бохтар - ҳинди: Баҳлика - дар ҳазорсолаи аввали пас-аз-милод "забони Бохтари" буд - [[забони эронӣ]], ки ба гуруҳи забонҳои [[ҳинду-аврупоӣ]] дохил мешавад, аммо дар мукотиба алифбои юнони, иборат аз бисту-чаҳор ҳарф, истифода мешуд. Ба гайри ин, мардумони Бохтар ба забонҳои Тохари (Тохри), Ҳинду-эрони, Ҳинди ва Турки гап мезаданд, ва аз алифбои Арами (Суриё) ва Браҳми (Ҳиндустон) истифода мебурданд. Бохтариён аҷдодони [[тоҷик]]он ва афѓонони имруза ҳисоб меёбанд.

==Ҷуғрофия==
Бохтар кишвари байни-кӯҳӣ буда, иқлими муътадил ва оби фаровон, инчунин замини серҳосил дорад. Он дар пастхамии тектоники вокеъ гашта, сатҳаш асосан бо регу гили обхурда (яъне лёсс) пушида шудааст. Ҳамвории доманаи шимоли Ҳиндукуш кариб 400км тул мекашад, ва бараш то 140км аст. Баландии ин ҳамвори 500м дар чануб ва 250м дар шимол-ѓарб аст.

=== Бохтар дар ҳайати давлати Ҳахоманишиҳо ===

Мувофиќи маълумоти сарчашмаҳо, кисмати чануби Осиёи Маркази аз тарафи Ҳахоманишихо, мардумони ноҳияи Форси чануб-ѓарби Эрони ҳозира, забт шуда буд. Навиштачоти Тахти Чамшед ќайд мекунад, ки давлати Ҳахоманишиҳо аз сарзамини «Сакои-ҳои паси Суѓд» то Кўш (Эфиопия) масоҳати бузургеро ишѓол мекунад. «Сакои-ҳои паси Суғд» ҳамон мардуми бодиянишин, эрони-нажод ва эрони-забон буд, ки он суи дарёи Сир зиндаги мекард, яъне мардуми чараёнгоҳи боло, ќисман миёнаи ин дарьёи Осиёи Маркази. Марѓиён (давлати Порт), Бохтар, Хоразм, ва Суѓд, ки аз кадим-ул-айём макони мардуми Турони-нажод буданд - ҳамаро эрониёни бодиянишин ба ҳайати давлати навсохтаи Форс - Ҳахоманишиён дохил карданд.

Бохтар байни кишварҳои Осиёи Маркази ҳамеша мавкеи хусусиро дошт; Ҳахоманишиҳо низ онро ба муҳимтарин маркази шарќии давлати худ мубаддал гардониданд. Нуфузи зиёд ва имкониятҳои фаровони иќтисодии Бохтар, ва ҳунари ҳарбии мардумони вилоятҳои тобеъи он, мавќеи ин кишварро дар ҳаёти иќтисоди ва сиёсии тамоми давлати Ҳахоманишиён муайян мекард. Аҳамияти Бохтар дар муборизаҳои сулолавии Ҳахоманишиҳо, яъне гиру-дори тахти шоҳаншоҳи, хеле бузург буд.

Ботинан ва зоҳиран, аъёну ашрофи Бохтар сиёсати чудоиталабиро пеша мекарданд, ва мардумаш таърихи кадим ва маданияти худро парвариш мекард. Чун сиёсатдорони кордида, Бохтариён дар чангҳои сулолави гоҳо тарафи ин ва ё он даъвогари тахтро мегирифтанд ва кўшиш мекарданд, ки дар умури давлати Ҳахоманишихо баробари форсҳо мавќеи роҳбарикунанда дошта бошанд.

{{таърих-ҷавона}}

[[Гурӯҳ:Бохтар|*]]
[[Гурӯҳ:Вилояти Хатлон]]
[[Гурӯҳ:Тоҷикистон]]

[[am:ባክትሪያ]]
[[ar:باختر]]
[[arz:باكتريا]]
[[az:Baktriya]]
[[be:Бактрыя]]
[[bg:Бактрия]]
[[br:Baktria]]
[[ca:Bactriana]]
[[cs:Baktrie]]
[[cy:Bactria]]
[[da:Baktrien]]
[[de:Baktrien]]
[[el:Βακτρία]]
[[en:Bactria]]
[[eo:Baktrio]]
[[es:Bactriana]]
[[et:Baktria]]
[[eu:Baktriana]]
[[fa:باختر (بلخ)]]
[[fi:Baktria]]
[[fr:Bactriane]]
[[hi:बैक्ट्रिया]]
[[hr:Baktrija]]
[[hu:Baktria]]
[[hy:Բակտրիա]]
[[id:Baktria]]
[[it:Battria]]
[[ja:バクトリア]]
[[kk:Бактрия]]
[[ko:박트리아]]
[[la:Bactria]]
[[lt:Baktrija]]
[[ml:ബാക്ട്രിയ]]
[[mr:बॅक्ट्रिया]]
[[nl:Bactrië]]
[[no:Baktria]]
[[pl:Baktria]]
[[ps:باختر]]
[[pt:Báctria]]
[[ro:Bactria]]
[[ru:Бактрия]]
[[sh:Baktrija]]
[[simple:Bactria]]
[[sl:Baktrija]]
[[sr:Бактрија]]
[[sv:Baktrien]]
[[tk:Baktriýa]]
[[tr:Baktriya]]
[[uk:Бактрія]]
[[ur:باختر]]
[[vi:Bactria]]
[[zh:巴克特里亞]]
[[zh-min-nan:Bactria]]