Difference between revisions 298066 and 332337 on tgwiki

{{Зиндагинома
|Номи тоҷикӣ=Мирзо Абдулазими Сомӣ
|Номи аслӣ=Мирзо Абдулазими Сомӣ
|Акс=nNoimage.gifsvg
|Зодрӯз=1838
|Зодгоҳ=[[Бухоро]], [[Аморати Бухоро]]
|Даргузашт=номаълум
|Вазифа=[[нависанда]]
}}

'''Мирзо Абдулазими Сомӣ''' (Бўстонӣ) (тавал. 1838, соли вафоташ номаълум) низ муаллифи “Таърихи салтанати манѓития” мебошад. Ў ҳамчун А.Дониш баъди хатми мадраса дар хизмати дарбори амири [[Бухоро]] буд. Агар [[Аҳмади Дониш]] хизматро аз замони амир Насруллоҳ сар карда бошад, Сомӣ аз замони амир Музаффар ва пас дар замони амир Абдулаҳадхон давом додааст. Сомӣ чун таърихнигор дар сафарҳои ҳарбии амирони [[Бухоро]] онҳоро ҳамроҳӣ мекард. Вай шоҳиди ҷанги байни Русияю Бухоро (соли 1868) буда, онро дар асари худ “Таърихи салтанати манѓития” батафсил нишон додааст. Дар асар муаллиф тавонистааст, ки ҷаҳолат, ақибмондагӣ ва бемаърифатии амалдорону сарлашкарони амириро ба қалам дода, онҳоро масхара намояд.
Сомӣ дар айёми пирӣ аз дарбори амири [[Бухоро]] ронда шуд. Ў дар охири умр бо китобати дастхатҳо рўз мегузаронид. Вай инчунин муаллифи манзумаи “Миръотулхаёл” (ривоятҳои аҷиб аз ҳаёти фозилон ва шоирони ҳамзамонаш), “Санъати маҳзун”, “Тўҳфаи шоҳӣ” мебошад.<ref>Ҳотамов Н.Б., Довудӣ Д., Муллоҷонов С., Исоматов М. Таърихи халқи тоҷик (Китоби дарсӣ). – Душанбе,2011, – с.241 </ref>

==Манобеъ==

Ҳотамов Н.Б., Довудӣ Д., Муллоҷонов С., Исоматов М. Таърихи халқи тоҷик (Китоби дарсӣ). – Душанбе,2011 
== Адабиёт ==
<references/>


{{таърих-ҷавона}}

[[Гурӯҳ:Таърихи Тоҷикистон]] 

[[Category:Шахсиятҳо аз рӯи алифбо]] 
[[Category:Соли 1838 таваллудшудагон]]

 

{{Тоҷикистон}}