Difference between revisions 299913 and 818064 on tgwiki

[[НБО Сангтӯда – 1]] дар дарёи Вахш сохта шудааст.  
16 феврали соли [[2005]] барои сохтани «НБО Сангтӯда – 1» аз тарафи компанияи русиягии «Интер РАО ЕЭС» ва вазорати энергетикаи [[Тоҷикистон]] ҷамъияти  саҳҳомии Русияю Тоҷикистон – «НБО Сангтӯда – 1» бунёд шуд.  
Хароҷоти  умумии сохтмон – $482 млн. муайян гардид. 75% саҳмияҳо аз Русия («Интер РАО ЕЭС»),25% аз Ҳукумати Тоҷикистон аст. 
Апрели соли [[2005]] сохтмони нерўгоҳ оғоз гардид. 15 декабри соли 2006 дар ҷои сарбанди ин нерӯгоҳ маросими бастани дарёи Вахш, бо роҳи тарконидани соҳилҳо барпо гардид. 
20 январи соли [[2008]] агрегати якўм ва июли соли [[2009]] агрегати охирин – чаҳоруми «НБО Сангтӯда – 1» ба кор дароварда шуд. 
Иқтидори  нерӯгоҳ 670 меговатт, иқтидори солонааш 2,7 млрд кВт/ соат ва баландии сарбандаш – 75 метр мебошад.

 
 
[[Гурӯҳ:Энергетикаи Тоҷикистон]] 
[[Гурӯҳ:Тоҷикистон|*]]
[[Портал:Таърих|*]]