Difference between revisions 307812 and 308107 on tgwiki{{манбаъ}}⏎ '''Исёни Муқаннаъ''' - (776-780/783) - [[Ҳошим ибни Ҳаким]] - [[Муқаннаъ]] дар деҳаи Козаи наздикии ш. Марв зиндагӣ мекард. Номи аслии ў Ҳошим ибни Ҳаким ва Муқаннаъ бошад, лақаби ўст. Худи калимаи "[[Муқаннаъ]]" арабӣ буда, маъниаш [[чодарпўш ва ё ниқобдор]] аст. Ин лақаб ба иллати он, ки Муқаннаъ ҳама вакт ба рўяш чодари сабз пўшида мегашт, ба ў дода шудааст. Исёни Муқаннаъро таърихнависон бештар шўриши сафедҷомагон мегўянд. Ў дар лашкари Абумуслим мансаби сарҳанг, иҷро мекард. ==Ибтидои исён== Муқаннаъ дар солҳои 50-уми асри VIII ба тарѓиботи ақидаҳои маздакиён дар хусуси баробарии иҷтимоӣ ва ҳаёти озодонаи шаҳрвандон шурўъ карда, одамонро ба муборизаи фаъол даъват намуд. Барои чунин ташвиқот дар солҳои 60-уми асри VIII ҳукуматдорони Хилофати Араб ўро дар Баѓдод зиндони карданд. Баъди чанд соли ба ҳабс афтидан Муқаннаъ аз зиндон гурехта, ба Марв омад ва ба муборизаи ҷиддӣ шурўъ кард. Вай соли 766 ба ноҳияҳои гуногуни Мовароуннаҳр барои ба исён бархезондани мардум пайравони худро фиристод. Тарафдорони Муқаннаъ ба водии Ќашқадарё, махсусан ба Кешу Нахшаб ва атрофи Бухоро ҷамъ омаданд. Маркази тарѓиботии онҳо деҳаи Субҳ дар Кеш буд. Ин исён дар қисматҳои марказии Мовароуннаҳр, махсусан дар Суѓд, водии Чоч ва Илок пайравони зиёде пайдо карда, ба табақаҳои гуногуни ҷомеа таъсир мерасонад. Мақсади исёнгарон озод кардани Ватан, яъне Мовароуннаҳру Хуросон аз зулму истибдоди истилогарони араб ва ташкил кардани давлати мустақил буд. == Таърихи исён== Соли 775 пайравони Муқаннаъ дар деҳаи Нумиҷкати Бухоро ҷой гирифта, шаб ба масҷид даромада, муаззин ва понздаҳ нафари дигарро кушта, мулки феодалон ва рўҳониёнро мусодира карданд, Ситоди исёнгарон деҳаи Наршахи наздикии Бухоро буд. Дар ин марҳила ба исён туркон низ ҳамроҳ шуданд. Соли 776 дар назди деҳаи Наршах байни қувваи ҳарбии арабҳо ва пайравони Муқаннаъ муҳорибаи хунине ба миён омад, ки дар он исёнгарон шикаст хўрда, ҳафтсад нафар аз пайравони Муқаннаъ сари худро дар роњи талаби озодӣ қурбон карданд. Вале ин ѓалабаи арабҳо вазъияти харбию сиёсиро таѓйир дода натавонист. Арабњо исёни сафедҷомагонро дар Наршах суст карда, барои мубориза бурдан бо пайравони онҳо ба Самарқанду Кеш қувваи ҳарбӣ сафарбар карданд. Халифаи араб ал-Маҳдӣ (775-785) Саид-ал-Ҳарроширо амири Хуросон таъин карда, тамоми қувваи ҳарбии арабҳоро барои пахш кардани исёни сафедҷомагон ва асир гирифтани Муқаннаъ сафарбар кард. Сафедҷомагон дар якҷоягӣ бо туркон дар Самарқанд ба муқобили арабҳо ду сол ҷангиданд ва азбаски қувваҳои ҷанги нобаробар буд, пайравони Муқаннаъ шикаст хўрда, Самарқандро ба арабҳо таслим карданд. Пас аз ин нерўи љангии арабҳо бо сарварии Саид ал-Ҳаррошӣ барои саркўб кардани сафедҷомагон ба водии Ќашқадарё, ҳуҷум карданд. Дар марњилаи охирини задухўрдҳо дар водии Кеш пайравони Муқаннаъ дар кўҳҳо ва гирду атрофи қалъаи Сиём муттањид шуда, ба муқобили арабҳо ҷангиданд. == Поёни исён== Марҳилаи нави бархўрдҳоро дар Кеш амири нави Хуросон Мусайяб ибни Зуҳар (780-783) сарварӣ кард. Пайравони Муқаннаъ аз ҷониби арабҳо ба муҳосира гирифта мешаванд. Баъди муҳосираи дарозмуддат ва ҷангҳои тўлонӣ арабҳо, ки қувваи бениҳоят зиёд доштанд, қалъаи дастнорас, яъне қароргоҳи Муқаннаъро ишѓол намуда, исёнро шикаст медиҳанд. Бародари Муқаннаъ Ќабзам бо се ҳазор нафар, фармондеҳи мудофеони қалъаи Сиём Сармоҳа бо се ҳазору сесад нафар исёнгарон ба сарлашкари араб Саид ал-Ҳаррошӣ таслим мешавад, вале Муқаннаъ ба душман зинда таслим шудан нахоста, худро ба оташи танўри фурўзон партофта, ба ҳалокат мерасад. Ҳамин тавр ин шўриш [[соли 783]] пахш карда мешавад, вале пайравони Муқаннаъ то муддатҳои тўлонӣ зингдагӣ мекарданд ва номи пешвои худро низ зинда нигоҳ медоштанд. == Пайвандҳои беруна == {{таърих-нопурра}} [[Гурӯҳ:Тоҷикистон]] [[Гурӯҳ:Таърихи Тоҷикистон]] [[ru:Муканна]] All content in the above text box is licensed under the Creative Commons Attribution-ShareAlike license Version 4 and was originally sourced from https://tg.wikipedia.org/w/index.php?diff=prev&oldid=308107.
![]() ![]() This site is not affiliated with or endorsed in any way by the Wikimedia Foundation or any of its affiliates. In fact, we fucking despise them.
|