Difference between revisions 329473 and 329515 on tgwiki

{{Манбаъ}}
{{ зиндагинома
| Номи тоҷикӣ= Ҷӯраев Раҳмонқул Ҷӯрабоевич
| Номи аслӣ = Жўраев Раҳмонқул Жўрабоевич‎       
| [[Акс = :Раҳмонқул Жўраев.jpg|thumbnail]]
| Зодрӯз = [[1 апрел]], [[1925]]
| Зодгоҳ = [[Сарваки боло]], [[Точикистони советй]]
| Даргузашт = [[16 апрел]],[[2008]]
| Вазифа = омўзгор


}}

=== Тарчимаи хол ===

'''Ҷӯраев Раҳмонқул Ҷӯрабоевич''' 1 апрели соли 1925 дар деҳаи Сарваки боло чамоати Пунук ([[ноҳияи Ашт]]|вилояти Ленинобод|Точикистон ССР).ба дунё омадааст.Падараш Қўшқулов Журабой дар синни 1 солагиаш пас вақте,ки он 16сола мешавад модараш Имомқулова Зарбиби вафот кардааст. Соли 1940 синфи 7умро хатм карда,дар колхози ”Қизил юлдуз“ ба сифати табелчй кор кардааст.

=== Дар вақти Чанги Бузурги Ватанй ===

Моҳи марти 1943 ба сафи Армия даъват шуда,дар шаҳри Чирчиқ дар қисми 13уми эҳтиёти тайёрии ҳарбй дида,моҳи маи соли 1943 ба фронт фиристонида мешавад.Моҳи июни соли 1943 дар ҳайати полки 168ум,қисми дуюми артиллерй  ба чанг   дохилмешавад,дармуҳорибаҳоиҚрим,Севастопол,Кенигсберг фаъолона иштирок менамояд.Сипас роҳи идома бахшида,дар муборизаи зидди фашистон корнамоиҳо нишон медиҳад.Дар озодкунии шаҳрҳои Каунас,Ленинград,Вилнюс,Киев фаъолона иштирок мекунад.Барои корнамоии чангиаш бо медалхои “Барои корнамоии чангй” ва “Барои озод кардани Кенигсберг” сазовор мегардад.Ў дар ҳайати фармондеҳии генерали армия Баграмян аввали моҳи маи соли 1945 дар чанги нимчазираи Курлондия иштирок намуда,Рўзи Ғалабаро бо сари баланд истиқбол мегирад.

=== Фаолият дар маориф ===

Раҳмонқул Жўраев соли 1950 аз сафи Қувваҳои Мусаллаҳ чавоб мешавад,соли 1951-1956 дар институти педагогии шаҳри Ўратеппа ба  гурўҳи ғоибона дохил шуда бо дипломи сурх хатм намуда баъдтар соли 1956-1961 дар шахри Ленинобод ба институти педагогй дар ихтисоси рўзона  “Забони ўзбекй ва моҳиятҳои он” тахсил мегирад.Пас аз хатми институт Рахмонқул Жўраев солҳои зиёд дар вазифаи омўзгорй,директори мактаб,мудири қисми илмй шуда кор мекунад.Чамоатчии фаъол аст,барои хизматҳои чанг ва илму фарҳанг бо якчанд медалхои чанг ва маориф,ордени дарачаи дуюми Чанги Бузурги Ватанй,ду маротиба ордени “Аълочии маорифи ҳалқ” (соли 1977 ва 1985)сарфароз гардонда шудааст.Аз соли 1948 аъзои Ҳизби Коммунистй аст.Фарзандонаш муаллим,шифокор,мухандис шуда кор мекунанд. Рахмонқул Жўраев 16 апрели соли 2008 дар синни 83 солагиаш аз олам чашм пўшидааст ва онро ба мозори Точикоқчар(ноҳияи Ашт|вилояти Суғд|Чумҳурии Точикистон) дафн карда шудааст.

==== Манбаҳо ====