Difference between revisions 331258 and 331260 on tgwiki

{{Зиндагинома
|Номи тоҷикӣ=Сайид Шогирдалии Кангуртии Хатлонӣ
|Номи аслӣ=Сайид Шогирдалӣ
|Акс=Seyyid-Shogirdali.jpg
|Зодрӯз= соли [[1839]]
|Таваллуд=  соли [[1839]]
|Зодгоҳ= Кангурти вилояти Хатлон
}}
(contracted; show full)
Он бузургон аз наводире буданд, ки фазоил ва каромоти бисёре аз ӯ мушоҳада ва нақл шуда аст ва шарҳи зиндагӣ ва шахсияти пурфароз ва ифтихоромези  дар қолаби ин навиштори кутоҳ муяссар нест, балки як киоби ҷудогона металабад ва дар инҷо ба баррасии хулосаи абъоди гӯногуни зиндагии ишон, иктифо мегардад. 


  == Вилодат ва таҳсилот ==  

Ҳазрати Эшони Сайид Шогирдалии Хатлонӣ (раҳматуллоҳ алайҳ), ибни ҳазрати Эшони Сайид Шоҳалӣ ибни ҳазрати Сайид Муртазоалӣ ибни Сайид Ҳайдаралӣ ибни Сайид Мирвалӣ ибни ҳазрати Сайид Шоҳнизоми Баланпарвози Кӯлобӣ (Худованд ҳамагии онҳоро ғариқи раҳматашон кунад),  дар зимистони 1839 дар Кангурти вилояти Хатлон чашм ба ҷаҳон гушуданд. Ишон ҳофизи кулли Қуръони Карим, хаттоти моҳир, орифи раҳёфта, фақеҳи барҷаста, суханвари балиғ ва муҷоҳиди ислоҳгар дар даврони хеш маҳсуб мегардиданд. 

Дар асари нубуғи саршоре, ки доштанд аз туфулият дар назди падари бузургаворашон ба ҳифзи Қуръони карим, хаттотӣ ва улуми муқаддамотии исломӣ машғул ва тақрибан дар 14,15- солагӣ ҳофизи Қуръони Карим ва ҳамчунин дар муқаддамоти улуми исломии он замон  саромад шуданд. Ба тавре, ки дар аксари маҳофили илмии он замон аз вай даъват мешуда ва зиёд мавриди эҳтиром омма ва хосса буда аст. Ҳазрати Эшони Сайид Шогирдалии Хатлонӣ, аз вуҷуди падари бузургворашон, ки яке аз уравои восила ва уламои раббонӣ буданд, камоли файзро бурда ва аз нафаси поки он орифи вораста баҳраманд гаштаанд.

  == Сафар ба сарзамини Хуросон [2] ==    

Ҳазрати Эшони Сайид Шоҳалӣ бо мушоҳадаи завқ ва қариҳаи саршори фарзандашон дар мавриди омухтани улум ва фунуни мухталифи исломӣ, ишонро аз даврони ҷавонӣ барои касби файз ва таҳсили амиқтари илм ва маърифҷати динӣ ва сиёсӣ ба ҳузури донишмандони бузург ва ошноӣ бо ҷуғрофиёи кишварҳои исломӣ, ба сарзамини Хуросон гусел медоранд. 

Ҳазрати Эшони Сайид Шогирдалӣ, ҳудудан даҳ сол дар сарзамини олим ва орифпарвари Хуросон -Афғонистон- дар назди асотиди барҷаста ва бузургони вораста ба таҳсил машғул мешаванд. Ҳамзамон дар канори таҳсил ба амри муқаддаси тазкия ва таҳзиби нафс ҳам мепардозанд. Аз ҷумла асотиди бузургвори ишон, Мавлоно Шайх Мир Муҳаммад Ғавс ва Мавлоно Шайх Қозӣ Имодлур мебошад. Устоди арҷуманди банда, Мавлавӣ Қорӣ Муҳамаддҷони Ҳиндӯстонӣ, охирҳои умри инду бузургворро дарк намуда аст.  

Ишон дар он замон дар аксари маҳофили фузало ва андешмандони Афғонистон ва донишмандони мусалмоне, ки ба онҷо меомадандширкати ҷиддӣ ва мустамар дошта ва бо онҳо дидор ва гуфтугӯ ва тавсияҳо мегирифта аст. ба яқин дар он замон дар ҷаласоти дарсӣ ва суханрониҳои оташин ва равшангаронаи Сайид Ҷамолуддини Исломӣ  ҳузур дошта аст.
 
  == Сафар ба Шибҳи қораи Ҳинд ==  
Ишон ҳамчунин дар даврни таҳсилот ба Шибҳиқораиҳинд сафар карда ва аз наздик бо фарҳангу расму оини мардумони он диёр ва уламои бузурги он замон ошноӣ пайдо мекунад. Ин даврон, давроне аст, ки ҷунбишҳои исломӣ ба тадриҷ шакл гирифта ва шуруъ ба шукуфо шудан намуда ва милали исломиро аз ҳузури бегонагон ва аҷнабиён огоҳ мекарданд ва аз авоқиби вахими зери султаи истеъмор рафтан мардумро бо хабар месохтанд
Сайиди Хатлонӣ то ҳудуде аз ҷунбиши Шоҳ Валиюллоҳи Деҳлавӣ ва бештар аз афкор ва андешаҳои жарф Сайид Ҷамол, илҳом гирифта буданд. Ишон дар муддат иқомате, ки онҷо доштанд аз наздик бо уламои барҷастаи мазҳабӣ ва сиёсӣ мулоқот намуда ва дар маҳофил ва маҷолиси имии онҳо ҳузур ёфтаанд. Ин сафар барои Сайиди Хатлонӣ [3] натоиҷи пурбор ва судманде дошт.

  == Сафар ба Бухорои Шариф ==  
Пас аз солҳо таҳсили улуми исломӣ ва найл ба дараҷоти фиқҳ, усул, тафсир, ҳадис ва ғайра дар охирин силсила сафарҳояшон ба Бухорои Шариф ва музофоти атроф рафта ва дар ин маркази тамаддуни исломӣ муддате иқомат ва дар марокизи муҳимми илмии он ба тадриси улуми мухталиф мепардозанд.

  == Бозгашт ба меҳан ==  
Он Ҳазрат  пас аз солҳо таҳсил, таҳқиқ, тадрис ва мунозироти илмӣ, эътиқодӣ ва сиёсӣ ва дар ниҳояти талош ва муморасат ба маротиби волои илмӣ даст ёфта ва ба меҳани азизашон боз мегардад. Рӯзи бозгашти ишон ба ватан, аз айёми ба ёд мондании мардуми Кангурт ва навоҳии он аст. Мардум, муридон ва хешон, ки солҳо аз неъмати ҳузури фарзанди баруманди пири худ ҳазрати Эшони Сайид Шоҳалӣ маҳрум буданд, ба ҳангоми бозгашти шукуҳманди ӯ, эҳсосот, ишқ ва муҳаббати дарунии худро бо шуру шаъаф иброз медоштанд.

  == Саҷоёи ахлоқӣ ва ирфонӣ ==  
Ҳазрати Сайиди Хатлонӣ, аксаран шабҳо бедор ва бисёре аз рӯзҳо рӯзадор будаанд. Бо Қуръони Карим ва намоз унси аҷибе доштаанд. Нақл аст он қадар садои баланд, гушнавоз, расо ва дилрабое доштанд, ки ба ҳангоми тиловати Қуръони Карим, хонавода ва ҳамсояҳо ва раҳгузарон даст аз кор кашида ба қироати ишон гӯшфаро медодаанд.

Замоне, ки фориғ аз фаъолиятҳои иҷтимоӣ ва мудирияти мадорис мешуданд ба ҷилла нишинӣ ва тазкияи нафс руй меоварданд. Дар айёми моҳи муҳаррам дар манзили ишон маросим баргузор ва барои мардум аз Имом Ҳусайн(а) суҳбатҳо намуда ва ба бозгӯии ҳодисаи ҷонгудоз ва ҷигарсузи воқеаи он айём мепардохтанд. Он бузургвор фаолиятҳои асосии хешро рӯи таълим ва тарбияти мардум мутамарказ карда буданд. Бештари авқоташонро кор бо мардум, машварат ва маслиҳат додан, гиреҳ кушоии масоили онҳо ва андарзу тавсияи муроҷааткунандагон ва мухлисон ва муридон ва зоиронашон машғул будаанд. 

  == Фаъолиятҳои илмӣ ва иҷтимоӣ ==  

Пас аз солҳои мутамодии таҳсил ва сафарҳои пурбор ба меҳани азизашон боз мегарданд. Дар натиҷа ҳазрати Эшони Сайид Шоҳалӣ, тарбияти шогирдон ва мудирияти мадорис ва чиллахонаҳоро ба писарашон вогузор мекунанд. ( ҳануз низ осори барҷо монда аз мадорис ва масоҷид ва чиллахонаҳои ишон, вуҷуд дорад). 

(contracted; show full)
Иртибот бо масъулини давлатӣ ва маҳаллӣ

Ба хотири огоҳии сиёсӣ, машваратҳои ҳакимона ва маслиҳатҳои созанда ва низ муомила ва ахлоқи ҳасанае, ки доштанд бо раисони деҳҳот, ҷамоот ва ҳатто амире мисли мири Ҳисор дар иртибот буда ва тавсияҳои гиреҳ кушои хешро дар умури давлатдорӣ аз онҳо дареғ намеварзиданд.


  == Ҷаноби шаҳид Восеъи Балҷувонӣ ==  

Ҷаноби шаҳид Восеъи Балҷувонӣ, деҳқонзодае буд, ки дар замони инқилоби 1888м, синну солашон тақрибан 35-40 мерасид. Инки мегӯянд вай як шахси манфӣ ва ё як шуришие, ки ба таври иттифоқӣ ва ноогоҳона вориди ҳаракати инқилоб шуда аст, бисёр ба газоф ва аз ҳақиқат дур аст. чигӯна шахсе, ки ҳеҷгӯна тавоноии илмӣ ва фикрӣ надошта ва ё аз пеш барномаи муназзам ва мунсаҷим надошта бошад, метавонад муддати тӯлонӣ дар баробари низомиёни маҳаллӣ ва руси Тезорӣ муқовамат намуда ва ҳаракатро идора намояд.

(contracted; show full)уқути ҳукуматҳо ва хезиши мардумӣ алайҳи давлатҳо, адами рафоҳ ва осоиши умумӣ мебошад. Рафоҳ ва осоиши мардум ва адолати иҷтимоӣ бунёдитарин асл ва аз авомили пойдории ҳукумат мебошад. Мардуми лоилоҷ ва бечора тамомвақт дар ихтиёр ва хидмати ҳукком буданд. Бо вуҷуди кори зиёд, машаққатбор ва тоқатфарсо аз осоиши нисбӣ ҳам бархурдор набуданд. Мардуми мазлум аслан фурсате пайдо намекарданд то ба масҷиду мадраса ва минбари олимон нишаста ва рӯҳу равони хешро, боланда, обёрӣ, сарзинда ва мустафиз гардонанд.


  == Оғози қиём ==  

Авомили мазкур умдатарин сабаби шаклгирии қиём буданд, ки ҳазрати Сайид ҳамеша ҳукумтдорон ва масъули маҳаллиро  ҷиҳати бартарафсозии ин муъзалот тавсия менамуданд. Ба тадриҷ ин тавсияҳо ва баёни мушкилоти мардум ба мизоҷи ҳукуматдорҳо озордиҳанда меомад. Онҳо дар ин тавсия ва тазаккурот, ба хатар афтодани қудрат ва ҳукумати зудро медидандва ҳазрати Эшонро барои худ монеаи ҷиддӣ медонистанд.

(contracted; show full)

Агарчӣ ин инқилоб ва ҳаракати мардумӣ, ба натиҷаи наҳоӣ нарасида, вале самароти фаровоне дошта аст. Аз ҷумла баъд аз ин ҳамин хезиши мардумӣ буд, ки дигар ҳукуматҳои маҳаллӣ мутанаббеҳ ва аз сахтгириҳо ва зулму ситамҳои худ  костанд.  Дар ниҳоят бидуни инки инқилобиюн ба аҳдофи ниҳоии худ ноил оянд бисёре аз онҳо шаҳид ва ё боздошт мешаванд. Худи сардори ҷунбиш ҷаноби шаҳид Восеъро ба пойтахти аморати Манғит мунтақил ва дар онҷо ба шаҳодат мерасонанд.


  == Муҳоҷарат ба водии Ҳисор ==  

Ҳазрати Эшони Сайид Шогирдалӣ, пас аз шаҳодат ва боздошти аксарияти инқилобиён ва махсусан ҷаноби Восеъ, бино ба иқтизои шароит ва тибқи суннати ҳазрати Расули Акрам (с), оҳанги муҳоҷарат менамоянд. Мадорис ва масоҷидро ба баъзе аз шогирдони тавоно ва муллоҳои дилсуз мисли  Ҳоҷӣ Муҳаммад Ҳусайни Кангуртӣ(1868-1917), супурда ва ба ҳамроҳи хонавода ва тани чанд аз шогирдон ва муридон дар паноҳи мири Ҳисор ба ин водӣ, муҳоҷарат мекунанд. 


  == Сохт ва тармими мадрасаҳои динӣ ва масҷидҳо ==    

Баъд аз онки дар паноҳи мири Ҳисор, ки аз дӯстон ва муридонаш буда ба Ҳисор меоянд, ба тармим ва сохти мадрасаҳо ва масҷидҳо машғул мешаванд.  Баъд аз муддате хабарчинҳо ба Амири Манғит гузориш медиҳанд, ки раҳбари инқилобиён (ба қавли онҳо шуришиён) муддате аст дар Ҳисор иқомат дорад. Сипас бори дигар ҳазрати Сайид Хатлонӣ ба роҳнамоиҳои мири Ҳисор ва барои дар амн ва саломат мондан, ба куҳҳои Ҳисор деҳаи Чанортут паноҳ мебаранд. 

Баъд аз муқим шудан дар Чанортут, чашмаҳоро поксозӣ  ва обҳоро ҷорӣ карда ва ба ободӣ ва коштани дарахтон ва хусусан токистон машғул мешаванд. Ҳануз осоре аз он боғҳо дар ин диёр дида мешавад. Дар инҷо низ ба бано кардани масҷид ва мадраса ва хонаҳои чилланишинӣ, машғул шуда ва ба тадрис ва таълиф ва тарбияти шогирдон мепардозанд. 

  == Писарони ҳазрати Эшони Сайиди Хатлонӣ ==  

Ҳазрати Эшони Сайид Шогирдалӣ  дорои ҳафт писар буданд, ки ҳамагӣ аз муллоҳо ва муборизини замони хеш маҳсуб мешуданд. Онҳо иборатанд аз: Ҳазрати Эшони Сайид Ғозӣ, Сайид Абдулмалик, Сайид Насруддин, Сайид Асроруддин, Сайид Сайфуддин, Сайид Қутбуддин ва Сайид Шоҳалӣ (Эшони Бобӣ). Чаҳор тан аз фарзандони баруманди ҳазрати Сайидро ҷаллодони Шуравӣ ба хотири фаоиятҳои исломӣ ва бедоргаронаашон дастгир карда ва ба урдугоҳҳои кори иҷбории Сибир табъид намуданд. 

Пас аз чиҳил сол шаҳодати онҳоро ҳукумати ишғолгари Болшевикӣ мепазирад. Ҳазрати Эшони Сайид Ғозӣ, яке аз фарзандони он бузургвор мебошанд, ки вориси илм, ахлоқ, ирфон ва сиёсати падари бузургвори хеш буда ва роҳи хатир ва нуронии иршод ва ҳидоятро пеш гирифтанд.  се тан аз онҳоро ҳукумати Шуравӣ ба хотири фаъолиятҳои исломӣ ва бедоргариашон рaбуда ва пас аз 40 сол масъулияти шаҳодати онҳоро бар уҳда мепазирад. 

  == Ҳазрати Эшонии Сайид Шогирдалии Хатлонӣ аз нигоҳи бузургони муосири Тоҷикистон ==  

1. Домулло Муҳаммадбек
Домулло Муҳаммадбек хамткардаи Бухорои Шариф ва намояндаи махсуси ҳукумати Бухоро ба мири Ҳисор буда аст. дар замони ҳазрати Эшони Сайид Шогирдалӣ пас аз ирқилоби Восеъ, яке аз муҳимтарин ҳомиҳои он бузургвор будаанд. Ҳамакнун наберагони зиёде аз ӯ дар қайди ҳаётанд ва ҳамчунон яке аз дӯстдорон ва мухлисони хонадони ҳазрати Эшони Сайид Шогирдалӣ боқӣ мондаанд. Ҳикоёт ва нақлҳои фаровон аз ҳазрати Эшони Сайид Шогирдалӣ дар ин хонадон насл ба насл интиқол ёфта аст.

(contracted; show full) хидматгузорон, мухлисон, муридон ва ҳамсояи ҳазрати Эшони Сайид Шогирдалии Хатлонӣ мебошанд. Баъдан ӯ ба минтақае дар марзи миёни Тоҷикистон ва Узбекистон кӯч намуданд, ки ҳамакнун  маҳалли зиндагии онҳо дар қаламрави ҷумҳурии Узбекистон мебошад. Тақрибан соли 1980 бо гуруҳе аз мухлисон ва хешовандонаш ба зиёрати вай рафтем. Зеро, ки машҳур ба хидматгузории ҳазрати Эшони Сайид Шогирдалӣ буданд. Вай низ хезиш ва ҳаракат ва инқилоби Восеъ тавассути ҳазрати Эшони Сайид Шогирдалии Хатлониро таъйид намуданд.


  == Вафот ==  

Пас аз солҳо хидматгузории пур самар ва холисон ба Ислом, миллат ва сарзамини исломӣ ва мубораза ва муҷоҳадат дар соли 1917, он шуълаи фурузон ва чашмаи ҷушон ва чашм ва дили ҳамеша бедор, пас аз 78 солдурахшиши хиракунанда, хомуш шуд. Хабараи даргузашти ишон, инъикоси ғамангезе дошт ва мардуми минтақа барои ҳамеша дар ҳасрати дидани дубораи он чеҳраи дурахшон ва шунидани он суханҳо ва хутбаҳои равшан бахши қалбҳо ва умед диҳандаи дилҳо, сухтанд. 

(contracted; show full)
  
[3] Сайид Ҷамолуддини Исломӣ дар соли 1858м дар шаҳрҳои Кобул, Ҳирот ва соири шаҳрҳо ба муддати чандин сол фаолиятҳои ислоҳии чашмгиреро ба анҷом расонда ва раҳбарони сиёсӣ ва мардуми Афғонистонро аз нақшаҳои пушти пардаи Ингилиси истеъморгар огоҳ сохта ва худ шуруъ ба фаолиятҳои ислоҳӣ намуд.


[[Гурӯҳ:Шахсиятҳо аз рӯи алифбо]]
[[Гурӯҳ:Адабиёти Форсу Тоҷик]]
[[Гурӯҳ:Саййидзодагон]]
[[Гурӯҳ:Рӯҳониёни форсизабон]]