Difference between revisions 331266 and 331272 on tgwiki{{манбаъ}}⏎ ⏎ {{Зиндагинома |Номи тоҷикӣ=Сайид Шогирдалии Кангуртии Хатлонӣ |Номи аслӣ=Сайид Шогирдалӣ |Акс=Seyyid-Shogirdali.jpg |Зодрӯз= соли [[1839]] |Таваллуд= соли [[1839]] |Зодгоҳ= Кангурти вилояти Хатлон }} (contracted; show full)рати Эшони Сайид Шоҳалӣ ибни ҳазрати Сайид Муртазоалӣ ибни Сайид Ҳайдаралӣ ибни Сайид Мирвалӣ ибни ҳазрати Сайид Шоҳнизоми Баланпарвози Кӯлобӣ (Худованд ҳамагии онҳоро ғариқи раҳматашон кунад), дар зимистони 1839 дар Кангурти вилояти Хатлон чашм ба ҷаҳон гушуданд. Ишон ҳофизи кулли Қуръони Карим, хаттоти моҳир, орифи раҳёфта, фақеҳи барҷаста, суханвари балиғ ва муҷоҳиди ислоҳгар дар даврони хеш маҳсуб мегардиданд. Дар асари нубуғи саршоре, ки доштанд аз туфулият дар назди падари бузургаворашон ба ҳифзи [[Қуръони кКарим]], хаттотӣ ва улуми муқаддамотии исломӣ машғул ва тақрибан дар 14,15- солагӣ ҳофизи Қуръони Карим ва ҳамчунин дар муқаддамоти улуми исломии он замон саромад шуданд. Ба тавре, ки дар аксари маҳофили илмии он замон аз вай даъват мешуда ва зиёд мавриди эҳтиром омма ва хосса буда аст. Ҳазрати Эшони Сайид Шогирдалии Хатлонӣ, аз вуҷуди падари бузургворашон, ки яке аз уравои восила ва уламои раббонӣ буданд, камоли файзро бурда ва аз нафаси поки он орифи вораста баҳраманд гаштаанд. == Сафар ба сарзамини Хуросон [2] == Ҳазрати Эшони Сайид Шоҳалӣ бо мушоҳадаи завқ ва қариҳаи саршори фарзандашон дар мавриди омухтани улум ва фунуни мухталифи исломӣ, ишонро аз даврони ҷавонӣ барои касби файз ва таҳсили амиқтари илм ва маърифҷати динӣ ва сиёсӣ ба ҳузури донишмандони бузург ва ошноӣ бо ҷуғрофиёи кишварҳои исломӣ, ба сарзамини Хуросон гусел медоранд. Ҳазрати Эшони Сайид Шогирдалӣ, ҳудудан даҳ сол дар сарзамини олим ва орифпарвари [[Хуросон -]] -[[Афғонистон]]- дар назди асотиди барҷаста ва бузургони вораста ба таҳсил машғул мешаванд. Ҳамзамон дар канори таҳсил ба амри муқаддаси тазкия ва таҳзиби нафс ҳам мепардозанд. Аз ҷумла асотиди бузургвори ишон, Мавлоно Шайх Мир Муҳаммад Ғавс ва Мавлоно Шайх Қозӣ Имодлур мебошад. Устоди арҷуманди банда, Мавлавӣ Қорӣ Муҳамаддҷони Ҳиндӯстонӣ, охирҳои умри инду бузургворро дарк намуда аст. Ишон дар он замон дар аксари маҳофили фузало ва андешмандони Афғонистон ва донишмандони мусалмоне, ки ба онҷо меомадандширкати ҷиддӣ ва мустамар дошта ва бо онҳо дидор ва гуфтугӯ ва тавсияҳо мегирифта аст. ба яқин дар он замон дар ҷаласоти дарсӣ ва суханрониҳои оташин ва равшангаронаи Сайид Ҷамолуддини Исломӣ ҳузур дошта аст. == Сафар ба Шибҳи қораи [[Ҳинд]] == Ишон ҳамчунин дар даврни таҳсилот ба Шибҳиқораиҳинд сафар карда ва аз наздик бо фарҳангу расму оини мардумони он диёр ва уламои бузурги он замон ошноӣ пайдо мекунад. Ин даврон, давроне аст, ки ҷунбишҳои исломӣ ба тадриҷ шакл гирифта ва шуруъ ба шукуфо шудан намуда ва милали исломиро аз ҳузури бегонагон ва аҷнабиён огоҳ мекарданд ва аз авоқиби вахими зери султаи истеъмор рафтан мардумро бо хабар месохтанд (contracted; show full) Замоне, ки фориғ аз фаъолиятҳои иҷтимоӣ ва мудирияти мадорис мешуданд ба ҷилла нишинӣ ва тазкияи нафс руй меоварданд. Дар айёми моҳи муҳаррам дар манзили ишон маросим баргузор ва барои мардум аз [[Имом Ҳусайн]](а) суҳбатҳо намуда ва ба бозгӯии ҳодисаи ҷонгудоз ва ҷигарсузи воқеаи он айём мепардохтанд. Он бузургвор фаолиятҳои асосии хешро рӯи таълим ва тарбияти мардум мутамарказ карда буданд. Бештари авқоташонро кор бо мардум, машварат ва маслиҳат додан, гиреҳ кушоии масоили онҳо ва андарзу тавсияи муроҷааткунандагон ва мухлисон ва муридон ва зоиронашон машғул будаанд. == Фаъолиятҳои илмӣ ва иҷтимоӣ == (contracted; show full) Иртибот бо уламо Аз овони навҷавонӣ ва ҷавонӣ ҳамроҳи падари бузургворашон дар ҷаласоти илмӣ ҳузур доштанд ва низ дар айёми таҳсил ва сафарҳо он бузургвор тибқи ривоёт, бисёр зиёд ҷаласоти ва мунозароти илмӣ баргузор мекарданд ва шогирдон, муридон, уламо ва фузало пайваста ба манзили ишон дар рафту омад буданд. Ба хотири таҳзиби нафс ва қалби пок ва замири равшан ва барҷастагӣ дар улуми мухталиф ва симои ҷаззоб ва сузани дилнишин, афкори амиқ ва огоҳии сиёсие, ки доштанд маҳбуби фуҳул ва фузало буданд. Гуфтори дуюм:⏎ == Фаолиятҳои сиёсӣ ва имронӣ == Аз онҷо, ки ҳазрати Эшони Сайид Шогирдалии Хатлонӣ, ба [[Афғонистон]], Шибҳиқораиҳинд ва [[Бухорои Шариф]] сафар карда буданд ва аз наздик бо муслиҳон, равшанфикрон ва адолатхоҳон мулоқот дошта ва бо ҳаракатҳое чун Шоҳ Валиюллоҳи Деҳлавӣ ва мактаби Девбандия ошнои пайдо карда ва низ аз афкори зидди истибдодӣ ва зидди истеъмории Саийд Ҷамолуддини Исломӣ илҳом ва дарди ҷавомеи исломиро ламс намуда буданд, дар рӯҳи он бузургвор мубораза алайхи муъзалот ва мушкилоти ҷомеа ва ақибмондагии ҷавомеи исломӣ, реша давонида буд. Бар ҳамин асос ҳазрати Эшон бо муридон, шогирдон, равшанфикрон ва адолатхоҳони рузгори хеш ва ба хусус ба сардории ҷаноби шаҳид [[Восеъ]]и Балҷувонӣ, дар ҳудуди солҳои 1888м, ҷунбиш ва инқилоби мардумиро алайҳи ҳукумати золими амири Манғитӣ ва ҳокимони маҳаллӣ ҳидоят карданд, ки баъдан ин ҳаракати мардумӣ ба номи “Инқилоби Восеъ”, шуҳрат ёфт. ⏎ ==Иртибот бо масъулини давлатӣ ва маҳаллӣ == Ба хотири огоҳии сиёсӣ, машваратҳои ҳакимона ва маслиҳатҳои созанда ва низ муомила ва ахлоқи ҳасанае, ки доштанд бо раисони деҳҳот, ҷамоот ва ҳатто амире мисли мири Ҳисор дар иртибот буда ва тавсияҳои гиреҳ кушои хешро дар умури давлатдорӣ аз онҳо дареғ намеварзиданд. == Ҷаноби шаҳид Восеъи Балҷувонӣ == Ҷаноби шаҳид [[Восеъи Балҷувонӣ]], деҳқонзодае буд, ки дар замони инқилоби 1888 м, синну солашон тақрибан 35-40 мерасид. Инки мегӯянд вай як шахси манфӣ ва ё як шуришие, ки ба таври иттифоқӣ ва ноогоҳона вориди ҳаракати инқилоб шуда аст, бисёр ба газоф ва аз ҳақиқат дур аст. чигӯна шахсе, ки ҳеҷгӯна тавоноии илмӣ ва фикрӣ надошта ва ё аз пеш барномаи муназзам ва мунсаҷим надошта бошад, метавонад муддати тӯлонӣ дар баробари низомиёни маҳаллӣ ва руси Тезорӣ муқовамат намуда ва ҳаракатро идора намояд. (contracted; show full)ни Сайид Шогирдалӣ, пас аз шаҳодат ва боздошти аксарияти инқилобиён ва махсусан ҷаноби Восеъ, бино ба иқтизои шароит ва тибқи суннати ҳазрати Расули Акрам (с), оҳанги муҳоҷарат менамоянд. Мадорис ва масоҷидро ба баъзе аз шогирдони тавоно ва муллоҳои дилсуз мисли Ҳоҷӣ Муҳаммад Ҳусайни Кангуртӣ(1868-1917), супурда ва ба ҳамроҳи хонавода ва тани чанд аз шогирдон ва муридон дар паноҳи мири Ҳисор ба ин водӣ, муҳоҷарат мекунанд. == Сохт ва тармими мадрасаҳои динӣ ва масҷидҳо == Баъд аз онки дар паноҳи мири [[Ҳисор]], ки аз дӯстон ва муридонаш буда ба Ҳисор меоянд, ба тармим ва сохти мадрасаҳо ва масҷидҳо машғул мешаванд. Баъд аз муддате хабарчинҳо ба Амири Манғит гузориш медиҳанд, ки раҳбари инқилобиён (ба қавли онҳо шуришиён) муддате аст дар Ҳисор иқомат дорад. Сипас бори дигар ҳазрати Сайид Хатлонӣ ба роҳнамоиҳои мири [[Ҳисор]] ва барои дар амн ва саломат мондан, ба куҳҳои Ҳисор деҳаи Чанортут паноҳ мебаранд. Баъд аз муқим шудан дар Чанортут, чашмаҳоро поксозӣ ва обҳоро ҷорӣ карда ва ба ободӣ ва коштани дарахтон ва хусусан токистон машғул мешаванд. Ҳануз осоре аз он боғҳо дар ин диёр дида мешавад. Дар инҷо низ ба бано кардани масҷид ва мадраса ва хонаҳои чилланишинӣ, машғул шуда ва ба тадрис ва таълиф ва тарбияти шогирдон мепардозанд. == Писарони ҳазрати Эшони Сайиди Хатлонӣ == (contracted; show full)мулло Муҳаммадбек хамткардаи Бухорои Шариф ва намояндаи махсуси ҳукумати Бухоро ба мири Ҳисор буда аст. дар замони ҳазрати Эшони Сайид Шогирдалӣ пас аз ирқилоби Восеъ, яке аз муҳимтарин ҳомиҳои он бузургвор будаанд. Ҳамакнун наберагони зиёде аз ӯ дар қайди ҳаётанд ва ҳамчунон яке аз дӯстдорон ва мухлисони хонадони ҳазрати Эшони Сайид Шогирдалӣ боқӣ мондаанд. Ҳикоёт ва нақлҳои фаровон аз ҳазрати Эшони Сайид Шогирдалӣ дар ин хонадон насл ба насл интиқол ёфта аст. 2. Домулло Аҳмад Муроди Бухороӣ (1881-1981) [[Домулло Аҳмади Бухороӣ]] ё [[мулло Мурод]], аз падар Бухороӣ ва аз модар Исфаҳонӣ, хатмкардаи Бухорои Шариф, қорӣ, луғатдон, адиб, мусаллат ба чанд забон, равшанфик, инқилобӣ, сиёсатмадор ва узви фаъоли ҷавонони Ҷадидияи Бухоро буданд, ки пас аз шикасти ин ҳаракат, ишон ба Истанбули Туркия ҳиҷрат карда баъд аз даҳ сол ба Бухорои Шариф бар мегарданд. Ба хотири нобасомониҳо ва ҳарҷу марҷи авзои онвақтаи Бухоро ва ба дунболи аҳдофи инқилобии худ ба аморати Ҳисор (Тоҷикистони имрӯза), кӯч мекунанд. Дар он ҷо ба дунболи содот ва махсусан хонаводаи ҳазрати Эшони сайид Шогирдалии Хатлонӣ, мешаванд. Зеро, ки аз инқилоби мардумии Хатлон замин бо раҳбарияти ҳазрати Эшони Сайид Шогирдалӣ, огоҳӣ доштанд. Ва дар натиҷаи ҷустуҷӯҳо оқибатул-амр ҳазрати Эшони Сайид Ғозиро пайдо мекунанд. Он бузургвор панҷоҳ сол бо ин хонадон рафту омад дошта ва муриди ҳазрати Эшони Сайид Ғозӣ ва устоди қиблагоҳӣ ва устоди банда мебошад. 3. Домулло Муҳаммадюсуфи Ёвонӣ (1888-1987) Домулло Муҳаммадюсуфи Ёвонӣ, хамткардаи Бухорои Шариф ва мутабаҳҳир дар улуме ҳамчун адабиёти араб, фиқҳ ва илми фароиз будаанд. Банда дар соли 1976м ба зиёрати он бузургвор ноил шудам. Ишон пас аз огоҳӣ аз инки банда аз наберагони ҳазрати Эшони Сайид Шогирдалии Хатлонӣ мебошам, маро ба оғуш гирифта ва аз бузург мардӣ ва бузург манишӣ ва илм ва сиёсатмадории ҳазрати Эшони Сайид Шогирдалӣ ва инқилоби Восеъ, нақлҳо намуданд. 4. Мавлавӣ Қорӣ Муҳаммадҷони Андиҷонии Ҳиндӯстонӣ (1892-1989) [[Мавлавӣ Қорӣ Муҳаммадҷони Ҳиндӯстонӣ]], хамткардаи Бухорои Шариф, Афғонистон ва мадрасаи Девбанди Ҳиндӯстон мебошанд. Он бузургвор муҷтаҳид дар илми фиқҳ, муфассир ва адиб ва устоди бисёре аз асотиди Тоҷикистон мебошанд. (contracted; show full) Манбаъ: Китоби “Машоҳир ва мафохири фариқайни муосири Ҷаҳони Ислом”, таълифи ҳазрати [[Саййид Қиёмиддини Ғозӣ]] [1] Дар мавриди шахсияти ҷомеул-атрофи, таҳқиқоти майдони анҷом гирифта аст: Аз бузургоне чун домулло Аҳмад Муроди Бухороӣ (1881-1981), домулло Муҳаммадюсуфи Ёвонӣ (1888-1987), ҳазрати Эшони Сайид Аслиддинхоҷа (1905-1991), [[Мавлавӣ Қорӣ Муҳаммадҷони Андиҷонии Ҳиндӯстонӣ]] (1892-1989), ҳазрати Эшони Сайид Ғозӣ (1876-1959), ҳазрати Эшони Сайид Имомуддини Ғозӣ (1929-1991) ва дигар бузургон. [2] Сарзамине, ки дар ҷануби руди Ҷайҳун ва ғарби Шибҳиқораиҳинд қарор гирифта аст, дар он ақвоме монанди Тоҷикҳо, Паштунҳо, Нуристониҳо ва... сукунат доранд. Баъдҳо бахши аъзами ин сарзамин ба унвони як кишвар ба исми Афғонистон номгузорӣ ва дар соли (1923м) дар қонуни асосии Амонуллоҳ шоҳ ба тасвиб расид. [3] Сайид Ҷамолуддини Исломӣ дар соли 1858м дар шаҳрҳои Кобул, Ҳирот ва соири шаҳрҳо ба муддати чандин сол фаолиятҳои ислоҳии чашмгиреро ба анҷом расонда ва раҳбарони сиёсӣ ва мардуми Афғонистонро аз нақшаҳои пушти пардаи Ингилиси истеъморгар огоҳ сохта ва худ шуруъ ба фаолиятҳои ислоҳӣ намуд. [[Гурӯҳ:Шахсиятҳо аз рӯи алифбо]] [[Гурӯҳ:Адабиёти Форсу Тоҷик]] [[Гурӯҳ:Саййидзодагон]] [[Гурӯҳ:Рӯҳониёни форсизабон]]⏎ [[Гурӯҳ:Авлоди Муҳаммад (с)]] All content in the above text box is licensed under the Creative Commons Attribution-ShareAlike license Version 4 and was originally sourced from https://tg.wikipedia.org/w/index.php?diff=prev&oldid=331272.
![]() ![]() This site is not affiliated with or endorsed in any way by the Wikimedia Foundation or any of its affiliates. In fact, we fucking despise them.
|