Difference between revisions 331274 and 331275 on tgwiki

{{Зиндагинома
|Номи тоҷикӣ=Сайид Шогирдалии Кангуртии Хатлонӣ
|Номи аслӣ=Сайид Шогирдалӣ
|Акс=Seyyid-Shogirdali.jpg
|Зодрӯз= соли [[1839]]
|Таваллуд=  соли [[1839]]
|Зодгоҳ= Кангурти вилояти Хатлон
}}

'''Сайид Шогирдалии Кангуртии Хатлонӣ''' ({{lang-fa| سید شاگرد علی کنگرتی ختلانی}}) ({{lang-ru| Сайид Шогирдали Кангурти}})- парчамдори Ислом ва адолатхоҳӣ дар Тоҷикистони муосир [1].

== Нигоҳи гузаро бар зиндагӣ ва фаолиятҳои илмӣ ва иҷтимоӣ == 

[[Хатлон]], маҳди илм, тамаддун ва зодгоҳи бисёре аз бузургон ва олимон аст. Хатлон, хона ва хостгоҳи  содот ва сайидзодаҳои кишвар аст. Хатлон, сарзамине аст, ки бисёре аз бузургон ва уламои мо ё дар он  ҷо ба дунё омадаанд ва дар он  ҷо зиндагӣ карда даргузаштаанд. Мардумони ин хитта дар замонҳои мухталифи таърихӣ ҳофизони мероси бузурги динӣ, илмӣ ва фарҳангӣ будаанд. Хатлонзамин, модаре, ки фарзандони фарҳихта, фарзона, ориф, олим, муҷоҳид ва... ба дунё тақдим намуда аст. 

Яке аз фарзандони фозил, муҷоҳид, орифи вораста ва талоядори адолатхоҳии ин сарзамин, марҳуми мағфур ҳазрати Ҳазрати Эшони Сайид Шогирдалии Хатлонӣ (раҳматуллоҳ алайҳ) мебошанд. Ӯ марди илму амал ва ихлосу мубораза буда ва ба хубиӣ тавониста миёни тазкия ва ислоҳгарии ҷомеа ба дурусти ҷамъ кунад ва ваҳдату маваддатро миёни ақвоми гӯуногӯуни ин марзу бум ба вуҷуд оварад. Ҷанобашон то охири умри шарифашон бо вуҷуди сахтгириҳои ҳукумати таҳти нуфузи руси Тезории Манғитиён, ба интишори маориф ва фарҳанги асили ислом, иштиғол доштанд. 
Он бузургон аз наводире буданд, ки фазоил ва каромоти бисёре аз ӯ мушоҳада ва нақл шуда  аст ва шарҳи зиндагӣ ва шахсияти пурфароз ва ифтихоромези   дар қолаби ин навиштори кутоҳ муяссар нест, балки як киоби ҷудогона металабад ва дар инҷо ба баррасии хулосаи абъоди гӯногуни зиндагии ишон, иктифо мегардад. 

== Вилодат ва таҳсилот ==

(contracted; show full)[3] Сайид Ҷамолуддини Исломӣ дар соли 1858м дар шаҳрҳои Кобул, Ҳирот ва соири шаҳрҳо ба муддати чандин сол фаолиятҳои ислоҳии чашмгиреро ба анҷом расонда ва раҳбарони сиёсӣ ва мардуми Афғонистонро аз нақшаҳои пушти пардаи Ингилиси истеъморгар огоҳ сохта ва худ шуруъ ба фаолиятҳои ислоҳӣ намуд.


[[Гурӯҳ:Шахсиятҳо аз рӯи алифбо]]
[[Гурӯҳ:Адабиёти Форсу Тоҷик]]
[[Гурӯҳ:Саййидзодагон]]
[[Гурӯҳ:Рӯҳониёни форсизабон]]
[[Гурӯҳ:Авлоди Муҳаммад (с)]]