Difference between revisions 389359 and 446792 on tgwiki

{{Зиндагинома
|Номи тоҷикӣ=Отахони Латифӣ
|Номи аслӣ=Отахони Латифӣ
|Акс=Noimage.svg
|Зодрӯз= [[1938]]
|Зодгоҳ=
|Таърихи марг= ш. [[Панҷакент]]
|Даргузашт= [[22 сентябр]]и [[соли 1998]]
|Вазифа=[[хабарнигор]]
}}

'''Отахони Латифӣ''' соли [[1938]] дар шаҳри [[Панҷакент]] дида ба ҷаҳон кушода, касби [[хабарнигор]]иро дар донишгоҳи шаҳри [[Ленинград]], Санкт-Петербурги кунунии [[Русия]] меомӯзад. Отахони Латифӣ дар солҳои шастуми асри гузашта вориди майдони матбуот шуда, ибтидо дар рӯзномаи [[Комсомолская Правда]] ва баъдан то поёни солҳои 80 ба ҳайси хабарнигори рӯзномаи Правда, органи Ҳизби Коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ дар Тоҷикистон фаъолият мекунад ва бо гузашти андак вақт ба ҳайси як хабарнигори забардаст дар майдони матбуоти шӯравӣ муаррифӣ мешавад.<ref>Радио Озодӣ 18.03.2006 . "Қиссаҳои Бедорӣ: Парвандаи нотамоми куштори Отахони Латифӣ . http://www.ozodi.org/content/article/604808.html.</ref>
Латифӣ доимо масъалахои гуногуни рузмарраи Тоҷикистонро хамчун хабарнигори рӯзномаи Правда менавишт ва орзу дошт,ки мушкилоти онхо хал мешаванд. Дар давраи сиёсати бозсози ва ошкорбаёни у чонибдори ислохотхои демократи мегардад.Дар интихоботи вукалои мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ дар баҳори соли 1989, ки бори аввал ба сурати алтернативӣ мегузашт, бештари курсиҳоро аз ҳавзаҳои Тоҷикистон низ ёрони Латифӣ ба даст оварданд. Аммо худи ӯ дар ин маърака бо фарқи хеле ночизе, ки ба бовари тарафдоронаш, натиҷаи тахаллуфи мақомот буд, дар ҳавзаи Роҳиоҳани Душанбе мағлуб мешавад. нимаи дуввуми солҳои 80 ӯ як силсила мақолотеро дар рӯзномаи "Правда" ба чоп расонд, ки бисёр корҳои ношоями дастгоҳи ҳизби коммунисти Тоҷикистонро фош кард. Ва ҳукумату раҳбарияти ҳизби коммунисти Тоҷикистон роҳҳоеро ҷустуҷӯ мекарданд, ки ӯ аз рӯзномаи "Правда" равад. Лекин онҳо муваффақ нашуданд. Аз ин рӯ, ҳукумати Тоҷикистон ба ҳамин тадбир расид, ки ӯро ба ҳайъати ҳукумат ҷалб кунаду бо ҳамин аз ин ҳизби мухолиф дар як шахс худро халос кунад. Устод Латифӣ ба ҳукумат барои пулу мол наомада буд, қасдаш хидмат ба мардум ва ба давлати Тоҷикистон буд ва дар ин роҳ хеле муваффақ ҳам шуд."

Дар пайи истеъфояш аз ҳайъати ҳукумат Латифӣ ба мақоми раиси Иттиҳодияи хабарнигорони Тоҷикистон нишаста, ҳамзамон дар ҳамроҳӣ бо тоҷири тоҷиктабори муқими Финландия Алексей Сафаров ширкатеро бо номи "Зарфин" таъсис медиҳад, ки дар андак фурсат ба як ширкати хеле матраҳ дар майдони тиҷорати Тоҷикистон табдил меёбад.<ref>Радио Озодӣ 18.03.2006 . "Қиссаҳои Бедорӣ: Парвандаи нотамоми куштори Отахони Латифӣ . http://www.ozodi.org/content/article/604808.html.</ref>

Дар баҳори соли 1992 аммо Латифӣ барои чанд рӯз ба майдони сиёсат бармегардад ва бо миёнҷигии ӯву Акбари Турсон ва Лоиқи Шералӣ мухолифати байни ду майдони Шаҳидону Озодӣ поён ёфта ва ҳукумати муросои миллӣ ташкил мешавад. Отахони Латифӣ ҳамеша талош дошт, аз ҷиҳатгирӣ дар он ҳаводиси пуршӯр парҳез кунад ва ҳамон як нафари холис, яъне ЖУРНАЛИСТ боқӣ монад. Аммо талотуми ҳодисот дигар ба гунае буд, ки тақрибан ҳамаро ба гирдоби худ фурӯ мекашид.
 
{{bio-stub}}

== Сарчашма ==
<references>

[[Гурӯҳ:Шахсиятҳо аз рӯи алифбо]]