Difference between revisions 538429 and 723648 on tgwiki{{ятим}} {{Зиндагинома |Номи тоҷикӣ= Саноат Бозорова |Номи аслӣ= Саноат Шукуровна Бозорова | Акс=Бозорова Саноат Шукуровна.jpg |Зодрӯз = [[29 июл]]и [[1932]] |Даргузашт= |Зодгоҳ = ш. [[Самарқанд]] |Вазифа= омӯзгор, олим }} ''' Саноат Шукуровна Бозорова ''' - ([[29 июл]]и [[1932]] ш. Самарқанд ), омӯзгор, доктори илми педагогика ([[2006]]), дотсент ([[1989]]). “Аълочии мактаби олии СССР”, «Аълочии маорифи халқи СССР» ([[1984]]) ва «Аълочии маорифи Тоҷикистон» ([[1989]]). == Ҳолнома == Саноат Шукуровна Бозорова дастпарвари мактаби миёнаи № 24 ш. [[Сталинобод]] (1952). Факултети адабиёт ва забони русии ИДПС ба номи Т.Г.Шевченко (ҳоло – ДДОТ ба номи С.Айнӣ)-ро хатм кардааст (1957). Ассисистнти кафедраи педагогика ва психологияи ИДПС (1957), инспектори шӯъбаи муассисаҳои таълимии Вазорати маорифи ҶТ (1957-1958), мудири қисми илмии мактаби миёнаи № 25, № 37 ва мактаб-интернати № 2 ш. Сталинобод, муаллимаи заб. ва адаб. ва ҷамъиятш., Техникуми тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон (1958-1968). Тӯли беш аз 40 сол муаллима, муал. калон, дотсент, профессори як қатор макотиби олии пойтахт (1968-2000), ноиби ректори ДТТ оид ба корҳои тарбиявӣ, мудири каф. фалсафа ва сиёсатшиносии [[Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон]] (2002-2003), [[Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода]] (2004-2006). Феълан – профессори кафедраи фарҳангшиносии факултети фалсафаи [[Донишгоҳи миллии Тоҷикистон]] мебошад. Соли 1984 рисолаи номзадиро дифоъ намуда, унвони номзади илми фалсафаро соҳиб гаштааст. Дар давоми соли 1990-1996 директори корхонаи хурди Маркази илмӣ-техникии “Самара” интихоб шудааст. Инчунин, узви КМ ЛКСМ Тоҷикистон, узви бюрои ноҳиявӣ ва шаҳрии комсомоли Сталинобод, котиби дуюми райком комсомоли Сталинобод (1953-1956), мушовири халқӣ, вакили Совети районии меҳнаткашони ш.Душанбе (1962-1967), вакили Совети шаҳрии меҳнаткашони Душанбе (1967-1969), узви кумитаи ҳизбии ш. Душанбе (1967-1969) интихоб шудааст. ==Осори илмӣ== Муаллифи беш аз 220 асару мақолаи илмӣ ва 4 монография, китобҳои дарсӣ. Бо роҳбарии ӯ 7 унвонҷӯ рисолаи номзадӣ ҳимоя кардааанд. Муаллифи асарҳо доир ба масъалаҳои тарбияи интернатсионалистӣ ва маънавӣ, таълиму тарбия (беш аз 150 ҷузъи чопӣ), аз ҷумла: монографияҳои “Маърифат: таърихи пайдоиш ва рушд”, “Асосҳои назариявии ташаккул ва рушди таҳсилоти олии педагогии Тоҷикистон”, “Фалсафаи тарбия: роҳҳои ташаккул” ва ғ. == Мукофотҳо == Бо Ифтихорномаи Фахрии КМ ҲК Тоҷикистон, кумитаи ҳизбии ш. Душанбе мукофотонида шудааст. == Манобеъ == Аслҳо ва наслҳо. Душанбе, 2013, с. 40 [[Гурӯҳ:Шахсиятҳо аз рӯи алифбо|*]] [[Гурӯҳ:Олимони Тоҷикистон]] [[Гурӯҳ:Олимони Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода]] [[Гурӯҳ:Олимони Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон]] [[Гурӯҳ:Дар Самарқанд таваллудшудагон]] {{bio-stub}} All content in the above text box is licensed under the Creative Commons Attribution-ShareAlike license Version 4 and was originally sourced from https://tg.wikipedia.org/w/index.php?diff=prev&oldid=723648.
![]() ![]() This site is not affiliated with or endorsed in any way by the Wikimedia Foundation or any of its affiliates. In fact, we fucking despise them.
|