Difference between revisions 570688 and 570690 on tgwiki

'''Алӣ ибни Абу Толиб''' ({{lang-ar|علي بن أبي طالب}}) — халифаи чаҳоруми [[хилофат|хилофати араб]], писари амак, домод ва [[саҳоба]]и ҳазрати [[Муҳаммад]] буд. Номи пурра — '''Абул-Ҳасан Алӣ ибни Абу Толиб ал-Қурайшӣ'''

== Таърих ==
Алӣ тайи панҷ солу шаш моҳ, ки хилофат кард, пайваста гирифтори ҷанг буд ва се гурӯҳ аз мухолифони ӯ буданд. Гурӯҳи нахустин касоне буданд, ки бо ӯ байъат карда, сипас паймоншиканӣ карданд ([[Талҳа]] ва [[Зубайр]]), ононе, ки аз тобеият ба Алӣ сар боз заданд [[Муовия писари Абусуфиён|Муовия ибни Абусуфия]] ва ононе, ки аз дар дин  навоварӣ ҷорӣ карда, аз он берун рафтанд (чун хавориҷи Наҳравон).
Зиндагии Алӣ боризтарин ва ибратомӯзтарин намунаи ҷонфидоиҳо буд дар роҳи Худо, дар роҳи Ҳақ ва ҳакиқати ислому суннати поку муқаддаси [[Расули Худо (с)]]. Пас мардумон аз паси Алӣ разия-л-Лоҳу анҳу бо Ҳасан ибни Алӣ байъат карданд. Ва нахустин касе ки ба ӯ байъат кард, Қайс ибни Саъд ибни Ибода буд, гуфт: «Байъат мекунам бо ту бар ҳукми Худои таоло ва бар суннати пайғамбар (с)». Ва ҳамон рӯз донистанд мардумон, ки Ҳасанро нияти ҳарб кардан нест. Ва чун мардумони [[Куфа]] ва [[Ироқ]] бо Ҳасан (р) гирд омаданд ва гуфтанд: «Сипоҳ берун бар» Ҳасан чора наёфт, аз Куфа берун омад бо чиҳил ҳазор мард ва ба Мадоин омад. [[File:Ali And his Sons.JPG|thumb|left|200px|Алӣ ибни Абу-Толиб ва фарзандони ӯ.]] Ва Қайс ибни Саъд ибни Ибодаро  бар муқаддима бифиристод бо дувоздаҳ ҳазор мард. Ва ба аввали ҳадди Шом бинишаст шашуми моҳи раббеъ-ул-аввал ба соли чиҳилу як  ва Муғира ибни Шӯъба ба Макка буд аз қибали Алӣ ва чун Алӣ (р) кушта шуд, [[Муовия писари Абусуфиён| Муовия]] мар Муғираро аҳди Макка дод. Ва ба хабари дигар андар эдун гуфтанд, ки Абдуллоҳ ибни Аббос (р) ба Басра буд, ки Алиро бикуштанд. Ва кас фиристода буд, ки аз ӯ шумор хоҳад. Ва Ҳасан чандин гоҳ ба Мадоин нишаста буд. Чун мардумон донистанд, ки(contracted; show full)
* Большаков О. Г. История Халифата. — «Восточная литература» РАН, 1989. — Т. 1.
* Большаков О. Г. История Халифата. — «Восточная литература» РАН, 1993. — Т. 2.
* Большаков О. Г. История Халифата. — «Восточная литература» РАН, 1998. — Т. 3.
* Петрушевский И. П. Ислам в Иране в VII—XV веках (курс лекций). — Изд-во Ленинградского университета, 1966. — С. 40.
== Сарчашма ==
* [http://www.islamnews.ru/news-136676.html В Йемене найден древнейший Коран и меч имама Али]

[[Гурӯҳ:Шахсиятҳо:Хилофати Араб]]