Difference between revisions 572847 and 576330 on tgwiki

{{Зиндагинома
|Номи тоҷикӣ=Отахон Латифӣ
|Номи аслӣ=Отахон Латифӣ
|Акс=Noimage.svg
|Зодрӯз= [[1938]]
|Зодгоҳ= ш. [[Панҷакент]]
|Даргузашт= [[22 сентябр]]и [[соли 1998]]
|Вазифа=[[хабарнигор]]
}}

'''Отахон Латифӣ''' соли [[1938]] дар шаҳри [[Панҷакент]] дида ба ҷаҳон кушода, касби [[хабарнигор]]иро дар донишгоҳи шаҳри [[Ленинград]], Санкт-Петербурги кунунии [[Русия]] меомӯзад. Отахони Латифӣ дар солҳои шастуми асри гузашта вориди майдони матбуот шуда, ибтидо дар рӯзномаи [[Комсомолская Правда]] ва баъдан то поёни солҳои 80 ба ҳайси хабарнигори рӯзномаи Правда, органи Ҳизби Коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ дар Тоҷикистон фаъолият мекунад ва бо гузашти андак вақт ба ҳайси як хабарнигори забардаст дар майдони матбуоти шӯравӣ муаррифӣ мешавад.<ref name="ozodi.org">Радио Озодӣ 18.03.2006 . "Қиссаҳои Бедорӣ: Парвандаи нотамоми куштори Отахони Латифӣ . http://www.ozodi.org/content/article/604808.html.</ref>
Латифӣ доимо масъалаҳои гуногуни рузмарраи Тоҷикистонро хҳамчун хабарнигори рӯзномаи Правда менавишт ва орзу дошт,ки мушкилоти онхо хал мешаванд. Дар давраи сиёсати бозсози ва ошкорбаёни у чонибдори ислохотҳои демократи мегардад.Дар интихоботи вукалои мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ дар баҳори соли 1989, ки бори аввал ба сурати алтернативӣ мегузашт, бештари курсиҳоро аз ҳавзаҳои Тоҷикистон низ ёрони Латифӣ ба даст оварданд. Аммо худи ӯ дар ин маърака бо фарқи хеле ночизе, ки ба бовари тарафдоронаш, натиҷаи тахаллуфи мақомот буд, дар ҳавзаи Роҳиоҳани Душанбе мағлуб мешава(contracted; show full)ммо Латифӣ барои чанд рӯз ба майдони сиёсат бармегардад ва бо миёнҷигии ӯву Акбари Турсон ва Лоиқи Шералӣ мухолифати байни ду майдони Шаҳидону Озодӣ поён ёфта ва ҳукумати муросои миллӣ ташкил мешавад. Отахони Латифӣ ҳамеша талош дошт, аз ҷиҳатгирӣ дар он ҳаводиси пуршӯр парҳез кунад ва ҳамон як нафари холис, яъне ЖУРНАЛИСТ боқӣ монад. Аммо талотуми ҳодисот дигар ба гунае буд, ки тақрибан ҳамаро ба гирдоби худ фурӯ мекашид.

== Сарчашма ==
<references>

[[Гурӯҳ:Шахсиятҳо аз рӯи алифбо]]


{{bio-stub}}