Difference between revisions 616509 and 844549 on tgwiki{{Зиндагинома |Номи тоҷикӣ=Саид Аҳмади Васлӣ |Номи аслӣ= |Акс=Noimage.svg |Зодрӯз=[[1870]] |Зодгоҳ=[[Самарқанд]] |Даргузашт=[[29 октябр]], [[1929]] |Вазифа=[[шоир]] (contracted; show full) Ғазали мазкур низ дар қолаби анъанавӣ офарида шуда, қофия ва радифаш низ бамаврид дар шакли мувофиқ оварда шудааст. Иштиёки дидори ёр қаҳрамони лирикиро водор месозад, ки бар мавзӯи ишкӣ ғазал офарад. Ғазал аз лиҳози мавзӯъ ва мундариҷа низ пурра анъанавӣ буда, дар он васфи ҷамоли ёр бо воситаҳои тасвири бадеии анъанавӣ ифода гардидааст. Аммо метавон дар ашъори Саидаҳмад Васлӣ оҳангҳои иҷтимоиро низ мушоҳида кард. Дар ин бобат таъсири адабиёти маорифпарварии тоҷику узбек равшан намудор аст. Гарчи дар мавз уӯъ ва мундаричаи гоявии осори Васлй тачдиди назар мушохида карда шавад хам, колиб ва шакли осори бадеии у дар асосу суннатхои адабии классикӣ офарида шудааст. Маъюсию бадбахти, шикваю норозигии иҷтимоӣ, мавзӯҳои иҷтимоии ашъори шоирро асос гардиданд. Аммо бояд зикр кард, ки ин афкори адиб то ба дараҷаи мавзӯи асосии осори адиб қарор нагирифтаанд. Умуман то ибтидои асри ХХ дар осори адибони намоёнтарини тамоми ҳудудҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар саросари водии Зарафшон ва муҳити адабии Самарканд дар қатори мавзӯъ ва оҳангҳои нави иҷтимоӣ идомаи анъанаҳои аз ҳама хуби адабиёти классикиро низ мушоҳида кардан мумкин аст. ==Аз рубоиёт== :Сарв арчи дарахти нотарошида бувад, :Мавзунии ӯ ҳаме писандида бувад. :Аз ростӣ шуд мушобеҳи қомати ёр, :Он кас, ки дурӯғ гуфт, нодида бувад. :Хуш он ки зи ҳимматаш саҳо меборад, :Дар мазраъи дил ғами вафо мекорад. :Дар дил тамаъе надорад аз ҳеҷ касе, :Бадбахт касе, ки тамаъ аз кас дорад. :Рӯят ба маҳу меҳри фалак мемонад, :Кас пеши ҷамоли ту ба шак мемонад. :Мондӣ ба дарад рақиби мардумозор, :К-он шум ба кеши бад ба саг мемонад. [[Гурӯҳ:Шахсиятҳо аз рӯи алифбо|*]] {{poet-stub}} All content in the above text box is licensed under the Creative Commons Attribution-ShareAlike license Version 4 and was originally sourced from https://tg.wikipedia.org/w/index.php?diff=prev&oldid=844549.
![]() ![]() This site is not affiliated with or endorsed in any way by the Wikimedia Foundation or any of its affiliates. In fact, we fucking despise them.
|