Difference between revisions 652832 and 723675 on tgwiki{{Зиндагинома |Номи тоҷикӣ= Носир Салимов |Номи аслӣ= Носир Юсупович Салимов |Акс= Салимов , Носир Юсупович, академик АН Республики Таджикистан.png |Зодрӯз= [[3 декабр]]и соли [[1960]], |Зодгоҳ= [[Хуҷанд]] |Даргузашт= |Вазифа= директори [[Китобхонаи миллии Тоҷикистон]] }} [[Акс:Национальная библиотека Таджикистана, г. Душанбе.JPG|thumb|Китобхонаи миллии Тоҷикистон. Душанбе]] [[Акс:Научная конференция в НБТ.jpg|thumb|Конференсия дар толори Китобхонаи миллии Тоҷикистон]] '''Носир Юсупович Салимов''' – ([[3 декабр]]и соли [[1960]], [[Хуҷанд]]) директори [[Китобхонаи миллии Тоҷикистон]], доктори илмҳои филология ([[2002]]), профессор, академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон [[2008]]).<ref> [http://anrt.tj/index.php/tj/a-zoi-ai-t/ajati-shakhs-az-soli-1951/a-zoi-pajvastai Аъзои пайвастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҳайати шахсӣ , аз соли 1951]</ref> ==Зиндагинома== Салимов Носир Юсупович, [[3 декабр]]и соли [[1960]], дар шаҳри [[Хуҷанд]] ба дунё омадааст. Соли 1982 баъд аз хатми факултаи таъриху филологияи [[Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров|Донишкадаи омӯзгории шаҳри Ленинобод]] ба ҳайси лабарант,муҳаққиқи коромӯз ва баъдан чун аспирант фаъолият дошт. * Солҳои 1988-1989 ходими адабии маҷаллаи «Садои Шарқ», * Солҳои 1990-1992 ходими илмии Институти забон ва адабиёти [[Фарҳангистони улуми Тоҷикистон]], * Аз соли [[1992]] дар кафедраи адабиёти тоҷики [[Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров]] ба сифати дотсент, мудири кафедраи адабиёти муосири тоҷикӣ, директории «Маркази пажӯҳиши тамаддуни давраи Сомониён» (1998-1999),ноиби ректори қисми илмӣ ва таълимии [[Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров]](1999-2001) фаъолияти доштааст, * Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз [[3 июл]]и соли [[2001]] ба вазифаи ректори [[Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров]], аз [[10 январ]]и соли [[2010]] ректори [[Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода]], соли [[2012]] ба вазифаи директори [[Китобхонаи миллии Тоҷикистон]] таъйин гардидааст. Аз 15 декабри соли 2014 ректори [[Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ]] мебошад. == Иштирок дар интихобот == * Соли [[2002]] ва [[2005]] - вакили Маҷлиси вакилони халқи [[вилояти Суғд]] ва соли [[2010]] - вакили Маҷиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд интихоб шудааст, * Моҳи марти соли [[2005]] узви Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст. == Фаъолияти илмӣ == Соли [[1990]] - рисолаи номзадӣ ва дар соли [[2002]] - рисолаи докторӣ дифоъ намудааст. Соли [[2004]] узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соли [[2008]] академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. Соли [[1991]] ҳамчун беҳтарин олими ҷавон барои силсилаи мақолаҳо ба дарёфти шаҳодатномаи [[Фарҳангистони улуми Тоҷикистон]] ноил гардида, соли [[1999]] барои китоби дуҷилдаи «Сомониён дар оинаи таърих» ба дарёфти Ҷоизаи «Камоли Хуҷандӣ»-и Ҳукумати [[вилояти Суғд]] мушарраф шудааст. Дар тӯли фаъолияти худ монографияҳои: * «Маърифати бадеии таърих» (Хуҷанд, 1997,12 ҷ.ҷ.), * «Мероси Оли Сомон» (Хуҷанд, 2001, 43,6 ҷ.ҷ.), * «Марҳалаҳои услубӣ ва таҳаввули анвоъи наср дар адабиёти классикии форсу тоҷик (асрҳои IX-XIII)» Хуҷанд, 2002,25 ҷ.ҷ.) ва беш аз 100 мақолаи илмӣ - омавӣ нашр намудааст. Дар таҳияи ёдгориҳои хаттии асрҳои миёна, аз ҷумла: * «Хазору як шаб» (Душанбе, «Адиб», ҷилдҳои 1-2, с.1992), * «Сомониён дар оинаи таърих» (Хуҷанд, 1998, ҷ.1-2), * «Сафарнома»-и Носири Хусрав, * «Тарҷумаи Тафсири Табарӣ» ва диг. иштирок дошт. Осори нависандагони рус ва булғорро бо номҳои * «Фикри ҳар кас ба қадри ҳиммати ӯст» (Душанбе, Ирфон, 1998) * «Ҳикояҳои А.П.Чехов» (Душанбе, 1991) тарҷума кардааст. == Мукофот == * Ҷоизаи «Камоли Хуҷандӣ» -и Ҳукумати вилояти СуҒд * Соли 1999 ба узвияти Иттиҳодияи нависандагон пазируфта шуд. * Бо нишони Ҷумҳурии Тоҷикистон «Остона» сарфароз гардидааст. ==Пайвандҳои беруна== <references/> {{bio-stub}} [[Гурӯҳ:Шахсиятҳо аз рӯи алифбо|*]] [[Гурӯҳ:Олимони Тоҷикистон]] [[Гурӯҳ:Омӯзгорони Тоҷикистон]] [[Гурӯҳ:Филологони Тоҷикистон]] [[Гурӯҳ:Олимони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд]] [[Гурӯҳ:Рӯихати академикон]] [[Гурӯҳ:Дорандагони унвонҳои фахрӣ аз Тоҷикистон]] [[Гурӯҳ:Олимони Фарҳангистони улуми Тоҷикистон]] [[Гурӯҳ:Олимони Китобхонаи миллии Тоҷикистон]] [[Гурӯҳ:Дар Хуҷанд таваллудшудагон]] All content in the above text box is licensed under the Creative Commons Attribution-ShareAlike license Version 4 and was originally sourced from https://tg.wikipedia.org/w/index.php?diff=prev&oldid=723675.
![]() ![]() This site is not affiliated with or endorsed in any way by the Wikimedia Foundation or any of its affiliates. In fact, we fucking despise them.
|