Difference between revisions 723669 and 793595 on tgwiki

{{Зиндагинома
|Номи тоҷикӣ= Абдулҳаким  Ғафуров  
|Номи аслӣ= Абдулҳаким Каримович  Ғафуров
|  Акс= noimage.gif  
|Зодрӯз  = [[29 июл]]и [[19342]]
|Даргузашт=    
|Зодгоҳ  = ш. [[Самарқанд]]
|Вазифа= омӯзгор, Даргузашт= [[6 июн]]и [[2002]] 
|Вазифа= [[олим]] 
}}
''' Абдулҳаким Каримович   Ғафуров ''' - ([[2 июл]]и [[1942]] ш. [[Самарқанд]] - ([[6 июн]]и [[2002]]), омӯзгор, олими биология,     профессор, доктори илми биология (1991), узви вобастаи [[Академияи илмҳои Тоҷикистон|АИ Тоҷикистон]] (1997).
== Ҳолнома== 
Абдулҳаким  Ғафуров   - ([[2 июл]]и [[1942]] дар [[Самарқанд]]  таваллуд шудааст. Коргари заводи рехтагарии ш. Самарқанд, шогирди устои қолабсоз (1958-1959). Факултети  биологияи [[Донишгоҳи миллии Тоҷикистон|УДТ ба номи В.И.Ленин (ДМТ)]] бо баҳои аъло хатм кардааст (1964).  Аспиранти назди Институти зоология ва паразитологияи ба номи Е.Н. Павловскийи (ИЗИП)  [[Фарҳангистони улуми Тоҷикистон|АИ Тоҷикистон]] (1964-1967). Се сол дар Лаборатрияи гелминтологияи АИ [[СССР]] таҳсил кардааст (1964-1967). Пас аз хатми аспирантура ходими хурди илмии Институти зоология ва паразитологияи ба номи Е.Н. Павловскийи (ИЗИП)  [[Фарҳангистони улуми Тоҷикистон|АИ Тоҷикистон]] (1967-1968). Соли 1968 дар Институти Умумиит. гелминтологияи ба номи К.И. Скрябин (ФР) дар мавзӯи “Гамбускҳои сиёҳтана-соҳибони андармиёни гелминтҳои ҳайвоноти мӯҳрадори  Тоҷикистон” рисолаи номзади дифоъ кардааст. Ходими калони илмӣ (1969-1986), мудири шӯъбаи паразитологияи Институти зоология ва паразитологияи   ба номи Е.Н. Павловскийи [[Фарҳангистони улуми Тоҷикистон|АИ Тоҷикистон]]  (1986-1992).  
==Эъчодиёт ва осорФаъолияти илмӣ==
Рисолаи  докториро низ дар Москва дар Ин-ститути умумиит. гелминтологияи ба номи К.И.Скрябин дар мавзӯи “Таснифот, филогенияи мермитид ва асосҳои биологии истифодаи амалии онҳо” ҳимоя кардааст (1991). Доир ба мермитидҳо-нематодҳои паразити ҳайвоноти мӯҳрадормаводи фаровони илмӣ гирд овард, ки ба мавзӯи рисолаи номз.адӣ тамоман дахл надошт лекин бинобар Гғайрату суботкории беандозааш дар як муддати кӯтоҳ мутахассиси пешбари ин соҳа гардид. Дере нагузашта барои муайян кардани маводи илмӣ ва маслиҳат бисёр олимони собиқ ҷум.ҳуриҳои Назди Балтика, Украина, Росусия, Арманистон ва Осиёи Миёна ба ӯ муроҷиат мекарданд. Дар асоси таҳқиқи морфологии заҳрдоршавии маводи фаровони илмии минтақаҳои гуногуни СССР; Карелия, Украина Қазокистон, Ӯзбакистон, Арманистон,  Қирғизистон ва Тоҷикистон  44 намуди  дар илми биология нав, аз ҷумла 3 насли нав ва 2 ҷинсу  3 зероилаи  нави мермитидҳо тавсиф ва асоснок кардааст. Ғайр аз ин системаи тамоман нави  оилаи мермитидҳоро тартиб додааст. Бори нахуст типологияи сиклҳои ҳаётан муҳимро тартиб дода, масъалаҳои муносибати паразит ва соҳиб, пайдоиш ва таҳаввулоти меримитидҳоро таҷдиди назар кардааст.

Муаллифи  90 асару мақолаи илмӣ, аз ҷумла 2 монография буда,  таҳти роҳбарии ӯ 3 унвонҷӯ  рисолаи номзади ҳимоя намудааст. 
== Мукофотҳо ==
Бо медали ҷашнии Совети Вазирони СССР бахшида ба ёдбуди 100-солагии рӯзи тав. академик К.И. Скрябин  ва медали ҷашнии Совети Вазирони СССР бахшида ба муносибати 100-солагии зодрӯзи академик Е.Н.Павловский  мукофотонида шудааст.	
== Манобеъ==
Аслҳо ва наслҳо. – Душанбе, 2013, с.46-47

[[Гурӯҳ:Шахсиятҳо аз рӯи алифбо|*]]
[[Гурӯҳ:Олимон аз рӯи алифбо]]
[[Гурӯҳ:Олимони Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Биологони Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Олимони Фарҳангистони улуми Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Дар Самарқанд таваллудшудагон]]