Difference between revisions 785655 and 786557 on tgwiki

{{Зиндагинома
|Номи тоҷикӣ= Ҳамза ибни Ямин
|Номи аслӣ= Ҳамзалӣ Абдуворисович Яминов
|Акс=Яминов.jpeg
|Зодрӯз= [[2 март]]и соли [[1969]]
|Зодгоҳ= [[ноҳияи Ашт]]
|Вазифа= [[омӯзгор]], [[шоир]], [[рӯзноманигор]]
}}

'''Ҳамза ибни Ямин'''(Яминов Ҳамзалӣ Абдуворисович) — шоир ва рӯзноманигори тоҷик.

==Ҳолнома==

Ҳамза ибни Ямин 2 марти соли 1969 дар деҳаи [[Мулломир]], ноҳияи [[Ашт]], вилояти [[Суғд]] дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст.
Ҳамза ибни Ямин баъди хатми мактаб соли 1986 ба [[ДДХ]] ба номи академик [[Бобоҷон Ғафуров]]и шаҳри [[Хуҷанд]] дохил шуда, онро соли 1993 бо ихтисоси [[биология]] ва [[химия]] тамом кардааст. Аз соли 1987 то соли 1989 дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи [[ИҶШС]] хизмат намудааст. Фаъолияти омўзгориро ба ҳайси муаллими фанни «Алифбои ниёгон» дар МТМУ №26 оғоз намудааст. Солҳои 1998-2011 дар вазифаи директори МТМУ №26 фаъолият бурдааст. Пайваста дар ҷустуҷӯ ва омӯзиш буда, беш аз 60 мақолаҳои илмӣ ва оммавӣ, 6 дастури методияш дар саҳифаҳои ВАО ба нашр расидааст. Омӯзгори дараҷаи олӣ, иштирокчии озмуни «Муаллими сол - 2004» буда, бо ифтихорномаҳои ноҳиявӣ ва вилоятӣ сарфароз гардидааст.
Муаллифи маҷмӯаи шеърҳои «Насими кӯҳсор» (2008), китоби таълимии «Хонда доно мешавем» (2015) ва дигар асарҳо мебошад.

==Мукофот==

==Сарчашма==
*[http://www.mullomir.ru Сомонаи «Паёми кӯҳсор»]
*Ҳамза ибни Ямин. «Соҳибном».—ш. Хуҷанд: Нашриёти давлатии ба номи Раҳим Ҷалил, соли 2014.

[[Гурӯҳ: Шахсиятҳо аз рӯи алифбо]]
[[Гурӯҳ:Шоирони тоҷик]] 
[[Гурӯҳ:Шоирони Тоҷикистон]]