Difference between revisions 800265 and 872853 on tgwiki{{subst:afdd}} {{ЗиндагиномаШахсият |Ном = Муҳаммад Бобохоҷаев |Н номи аслӣ = Муҳаммад Хоҷаевич Бобохоҷаев |Акс тасвир = Bobokhojaev Muhammad.jpg |Зодрӯз санаи таваллуд = 19 ноябр, 1924 |З зодгоҳ = ш. [[Хуҷанд]] |Даргузашт санаи марг = 23 декабр, 2003 |Вазифа навъи фаъолият = олим, табиб |Шаҳрвандӣ = СССР, Ҷумҳурии Тоҷикистон }} {{subst:afdd}} ⏎ ⏎ '''Муҳаммад Хоҷаевич Бобохоҷаев''' ([[19 ноябр]], [[1924]] - [[23 декабр]], [[2003 ]], ш. [[Хуҷанд]]), терапевт, докторӣ илмҳои тиб (1964), профессор (1965). Ходими хизматнишондодаи илмӣ ҶШС Тоҷикистон (1969), Аълочии тандурустии ҶШС Тоҷикистон. <ref> http://elbibhgu.narod.ru/TavcifnomaiOmuzgoron/TavsifnomaiOmuzgoron.html </ref> == Ҳолнома == Профессор Муҳаммад Хоҷаевич Бобохоҷаев ҳаёти ибратбахшеро паси cap намуда, дар рушду инкишофи соҳаи тандурустии Тоҷикистон саҳми боризе гузоштааст. Ӯ баъд аз хатми мактаби миёна ба Омӯзишгоҳи тиббии ш. [[Хуҷанд|Ленинобод]] дохил шуда, онро бо баҳои аъло хатм намуда (1939) барои идомаи таҳсил ба курсҳои дусолаи [[Дорулмуаллимини тоҷикии шаҳри Тошканд]] фиристода мешавад. Баъд аз хатми бомуваффақияти Дорулмуаллимин (1941) М.Х. Бобохоҷаев ба ихтиёри Комиссариати маорифи ш. Сталинобод фиристода мешавад ва то даъват шудан ба Артиши Сурх дар маъракаи маҳви бесаводӣ фаъолона иштирок менамояд. Дар солҳои 1941-1942 ӯ ба ҳайси муаллими физика ва математика, мудири қисми таълимӣ ва директори мактаби ибтидоии №5 ҷамоати деҳоти Даҳанаи вилояти Қӯрғонтеппа адои вазифа менамояд. Соли 1942 ӯро ба фронти 1-уми Украина барои мубориза бар зидди фашизм мефиристанд. Дар он ҷо Муҳаммад Хоҷаевич худро чун сарбози ҷасур нишон дода, сазовори ордену медалҳо гардид. Баъди итмоми [[Ҷанги Бузурги Ватанӣ]] соли 1946 Муҳаммад Хоҷаевич ба Ватан баргашта ба [[Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино|Донишкадаи давлатии тиббии Точикистон]] дохил мешавад ва онро соли 1956 бо баҳои аъло хатм менамояд, ки боз барои идомаи таҳсил ба ординатураи клиникии Донишкадаи 2-юми тиббии шаҳри Москва фиристода мешавад. Баъди дифоъи рисолаи номзадӣ М.Х. Бобохоҷаев аз тарафи Вазорати тандурустии Тоҷикистон барои кор таклиф шуда, аз соли 1954 то соли 1960 вазифаҳои ассистент, дотсенти кафедраи бемориҳои дарунии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Синоро ишғол мекард. Баъди дифои дар соли 1964 рисолаи докторӣ (дар докторантураи Пажӯҳишгоҳи биофизикаи Академияи илмҳои тибби Иттифоқи Советӣ, Москва) олимро мудири кафедраи муттаҳидаи терапияи факултаи педиатриву стоматологии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино таъин менамоянд. Дар ин вазифа ӯ то соли 1974 фаъолият мекунад. Дар моҳи марти соли 1964 Вазорати тандурустии Тоҷикистон М.Х. Бобохоҷаевро терапевти калони вазорат ва мушовири калони беморхонаи рақами 4-и он таъин мекунад. Дар соли 1965 ӯ сазовори унвони профессор мегардад. Мудати тӯлонӣ дар солҳои 1974-1992 ӯ мудири кафедраи бемориҳои дарунии ДДТТ мебошад. Дар солҳои 1992-1996 Бобохоҷаев М.Х. мудири Беморхонаи ҷумҳуриявии реаниматсиявӣ дар ш. Хуҷанд кор мекунад. Аз соли 1996 то ба нафақа баромаданаш дар соли 1998 директори Коллеҷи тиббии ш. Хуҷанд буд. Бобохоҷаев М.Х. дар бисёр ҷамъиятҳои илмии умумииттфоқии собиқ Иттифоқи Шӯравӣ намояндагии илми тибби Тоҷикистонро ба ӯҳда дошт - дар Раёсати Ҷамъияти умумииттифоқии терапевтҳо, дар Раёсати Ҷамъияти умумииттифоқии кардиологҳо, дар ҷамъиятҳои гематологҳо, ревматологҳо, нефрологҳо ва геронтологҳо. Солҳои зиёд вазифаи раисии Ҷамъияти терапевтҳои Тоҷикистонро иҷро мекард. Профессор М.X. Бобохоҷаев яке аз ташкилкунандагони 1-м ва 2-м Анҷуманҳои терапевтони Тоҷикистон мебошад. Барои комёбиҳояш дар илми тибб дар соли 1990 аъзои [[Академияи «Нури Хуҷанд»]] интихоб мешавад ва аз соли 1995 ноиб-президенти он мегардад. Профессор М.Х. Бобохоҷаев муаллифи қариб 300 корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, аз чумла 5 монографияҳои пурарзиш ва дастурҳои қимати методӣ дар соҳаҳои мухталифи касалиҳои дарунӣ - кардиология, гематология, ревматология, курортология, пулмонология, нефрология мебошад. == Намунаи осор == *«Саволу ҷавоб доир ба системаи хун ва касалиҳои он» *«Шесть вопросов и ответов о заболеваниях крови» *«Здоровое сердце и высокогорье» (1975) *«Касалиҳои дилу рагҳо ва пешгирии онҳо» (1977) *«Мумиё и кровь» (1986) *«Цитопенические синдромы в условиях жаркого климата Таджикистана» (1987) *«Применение инструментальных неинвазивных методов исследования в кардиологии» (1994) ва ғайра == Мукофот == Бо медалҳо ва Ифтихорномаҳои Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷ. мукофотонида шудааст. Ходими хизматнишондодаи илмӣ ҶШС Тоҷикистон (1969) [[Аълочии тандурустии ҶШС Тоҷикистон]] [[Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд]] (1995) == МанбаъСарчашма == <references/> *Гулрухсор Аслонова "Муҳаммад Хоҷаевич Бобохоҷаев" /Ворисони Сино, №16-17 (1994), 28 ноябри с. 2014. *[http://old.tajmedun.tj/publ/ehnciklopedija/b/bobokho_aev_mu_ammad_kho_aevich/3-1-0-574/ Сомонаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуали ибни Сино] *[http://elbibhgu.narod.ru/TavcifnomaiOmuzgoron/TavsifnomaiOmuzgoron.html Тавсифномаҳои устодон ва омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров] [[Гурӯҳ:Шахсиятҳо аз рӯи алифбо|*]]⏎ [[Гурӯҳ:Олимони Тоҷикистон]] [[Гурӯҳ:Табибони Тоҷикистон ]] [[Гурӯҳ:Олимони Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи А. Сино]] [[Гурӯҳ:Олимони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд]] [[Гурӯҳ:Шаҳрвандҳои фахрии Хуҷанд]] [[Гурӯҳ:Дар Хуҷанд таваллудшудагон]] All content in the above text box is licensed under the Creative Commons Attribution-ShareAlike license Version 4 and was originally sourced from https://tg.wikipedia.org/w/index.php?diff=prev&oldid=872853.
![]() ![]() This site is not affiliated with or endorsed in any way by the Wikimedia Foundation or any of its affiliates. In fact, we fucking despise them.
|