Difference between revisions 843565 and 873085 on tgwiki

{{Зиндагинома
|Номи тоҷикӣШахсият
| ном     =  Шамсӣ Қиём 
|Н номи аслӣ          = Шамсӣ Қиёмов
|Акс=
|Зодрӯз тасвир     =
| санаи таваллуд     = [[1 январ]]и [[1920]]
|З зодгоҳ          = ш. [[Самарқанд]]
|Даргузашт санаи марг     = [[17 январ]]и [[2000]]
|Вазифа навъи фаъолият     =  ҳунарпеша, коргардони  театр
}}

'''Шамсӣ Қиёмов (Шамсӣ Қиём)''' - (Тав. [[1 январ]]и [[1920]], гуз. Юсуф Харроти ш. [[Самарқанд]] – ваф. [[17 январ]]и [[2000]], ш.Душанбе) — актёр, реж, драматург, [[шоир]] ва тарҷ., Ҳунарпешаи хизм. Тоҷикистон (1945), Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (1990), Узви ИН СССР (аз с.1962).

==Зиндагинома==
Дастпарвари  Студияи миллии Консерватрияи Москва (1941), фак. реж. Институти давл. санъати театрии ба номи А.В.Луначарскийро хатм кардааст (1952). Ходими адабии рӯзномаи “Қизил Тожикистон” (1939-1940), ҳунарпеша ва таҳиягари [[Театри Давлатии Академӣ-Драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ|ТДАДТ ба номи А.Лоҳутӣ]] (1941-1956), реж. Студияи “Тоҷикфилм”, сарреж. Студияи телевизиони тоҷик, ФДТ ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ (ҳоло – Акашариф Ҷӯраев), сарреж. Театри Давлатии Ҷавонони Тоҷикистон, [[профессор]]и [[Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода]] (1978-1994).
==Эҷодиёт==
Аввалин шеърҳои ӯзб. дар саҳифаи рӯзн. “Қизил Тожикистони” ба табъ расидаанд. Нахустин пиесаҳояш – “Камол” ва “Дамири мусиқанавоз” дар ТДҶЛ ба саҳна гузошта шуданд (1937). Чун актёр дар саҳнаи ТДАДТ ба номи А.Лоҳутӣ зиёда аз 40 нақшро иҷро кардааст. Муаллифи асарҳои драмавии “Дил-дили Зайнаб” (бо ҳамқаламии Анна Мороз, 1955), “Тӯфон” ( бо ҳамқаламии Ғанӣ Абдулло, 1957), “Субҳи Ҳисор” (1959), “Ҷарима – якуним танга” (бо ҳамқаламии М.Фарҳат, 1960), “Эраҷ-паҳлавон”, 1963), “Садои дил”, (1968), “Саҳифаҳои ҳаёт”, (1969), “Зол ва Рудоба” (бо ҳамқаламии Ш. Мастон, 1973), “Ҳодӣ ва Шодӣ” (1975), сенарияи филмҳои “Вақти зангирии писарам расид” (“Тоҷикфилм”, 1960), либреттои балетҳои “Писари Ватан”, (1967), “Оҳуи тиллоӣ” (1969), “Се нозанини Шарқ” (1970), “Баҳори Бадахшон” (1971) ва ғ. Дар ТДАДТ ба номи А.Лоҳутӣ, ТДДР ба номи Вл. Маяковский, [[Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ|ТДАОБ ба номи С.Айнӣ]], , инчунин Театри давл. драмаи мус. ӯзб. Ҷиззах (Ҷум. Ӯзб.), Театри Кобул-Нандори (Афғонистон) ва ҳ. спектаклҳои зиёдеро ба саҳна гузоштааст. Реж. ва таҳиягари филмҳои бадеии “Дӯсти ман Наврӯзов” (1957), “Амалиёти кобра” (1961), “Рангҳои сол” (1973) ва ғ. Осори К.Станиславский “Этика”, Молйер “Найрангҳои Скапен”, С.Михалков “Ревизори зӯракӣ”, Н.Гумилёв “Духтари сеҳрнок”, [[Феликс Тошмуҳаммадов|Ф.Тошмуҳаммадов]] “Достони Ҳофиз”-ро ба тоҷ. гардонидааст. Бо ду орд. “Нишони Фахрӣ” ва мед. мукофотонида шудааст.

== Пайвандҳои беруна == 
 
== Манобеъ ==
Энциклопедия кино Таджикистана. - Душанбе, 2012, с. 128

[[Гурӯҳ:Шахсиятҳо аз рӯи алифбо|*]]
[[Гурӯҳ:Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон|*]]
[[Гурӯҳ:Коргардонҳои Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Ҳунарпешаи театр]]
[[Гурӯҳ:Ҳунарпешаи театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ]]
[[Гурӯҳ:Ҳунарпешаҳои Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Дар Самарқанд таваллудшудагон]]