Difference between revisions 984268 and 984272 on tgwiki

{{Олим
 |ном                 =  
 | номи аслӣ                 = Носир Юсупович Салимов 
 |тасвир                 = noimage.gif
 |бар                 = 
 |тавсифи тасвир          = 
 |санаи таваллуд       = {{СанаиТаваллуд|3|12|1960|сол}}
 | зодгоҳ                   = {{Зодгоҳ|Хуҷанд|шаҳри Хуҷанд}}
 |санаи марг              
 |маҳалли марг         =  
 |шаҳрвандӣ            = [[Тоҷикистон]]
 |фазои илмӣ          = [[Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ]]
 |ҷойҳои кор          =  [[Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров]],  [[Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода]],  [[Китобхонаи миллии Тоҷикистон]], [[Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ]]
 |дараҷаи илмӣ          = [[доктори илм]]ҳои филология
 |унвонҳои илмӣ        = [[профессор]] 
 |алма-матер           = [[Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров]]
 |роҳбари илмӣ         = 
 |шогирдони маъруф     = 
 |маъруф ба           = **  
 |мукофоту ҷоизаҳо =   
 |имзо                = 
 |бари имзо           = 
 |сайт                 = 
 |викитека             = 
 |викианбор             = <!--  БЕ пешванди Category:-->
}}

'''Носир Юсупович Салимов''' –  [[олим]],  [[доктори илм]]ҳои филология ([[2002]]), [[профессор]], академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон [[2008]]).<ref>[http://anrt.tj/index.php/tj/a-zoi-ai-t/ajati-shakhs-az-soli-1951/a-zoi-pajvastai Аъзои пайвастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҳайати шахсӣ , аз соли 1951]</ref>
==Зиндагинома==
Салимов Носир Юсупович, [[3 декабр]]и соли [[1960]], дар шаҳри [[Хуҷанд]]  ба дунё омадааст. Соли  1982 баъд аз хатми факултаи таъриху филологияи [[Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров|Донишкадаи омӯзгории шаҳри Ленинобод]] ба ҳайси лабарант,муҳаққиқи коромӯз ва баъдан чун аспирант фаъолият дошт. 
* Солҳои 1988-1989 ходими адабии маҷаллаи «Садои Шарқ», 
* Солҳои 1990-1992 ходими илмии Институти забон ва адабиёти [[Фарҳангистони улуми Тоҷикистон]],  
* Аз соли [[1992]] дар кафедраи адабиёти тоҷики [[Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров]] ба сифати дотсент, мудири кафедраи адабиёти муосири тоҷикӣ, директории «Маркази пажӯҳиши тамаддуни давраи Сомониён» (1998-1999),ноиби ректори қисми илмӣ ва таълимии [[Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров]](1999-2001) фаъолияти доштааст, 
* Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз [[3 июл]]и соли [[2001]] ба вазифаи ректори [[Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров]], аз [[10 январ]]и соли [[2010]] ректори [[Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода]], соли [[2012]] ба вазифаи директори [[Китобхонаи миллии Тоҷикистон]] таъйин гардидааст. Аз 15 декабри соли 2014 ректори [[Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ]] мебошад.

== Иштирок дар интихобот ==  
* Соли [[2002]] ва [[2005]] - вакили Маҷлиси вакилони халқи [[вилояти Суғд]]  ва соли [[2010]] - вакили Маҷиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд интихоб шудааст, 
* Моҳи марти соли [[2005]] узви Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст.
== Фаъолияти илмӣ ==
Соли [[1990]] - рисолаи номзадӣ ва дар соли [[2002]] - рисолаи докторӣ дифоъ намудааст. Соли [[2004]] узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соли [[2008]] академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.
Соли [[1991]] ҳамчун беҳтарин олими ҷавон барои силсилаи мақолаҳо ба дарёфти шаҳодатномаи [[Фарҳангистони улуми Тоҷикистон]] ноил гардида, соли [[1999]] барои китоби дуҷилдаи «Сомониён дар оинаи таърих» ба дарёфти Ҷоизаи «Камоли Хуҷандӣ»-и Ҳукумати [[вилояти Суғд]] мушарраф шудааст.
Дар тӯли фаъолияти худ монографияҳои: 
* «Маърифати бадеии таърих» (Хуҷанд, 1997,12 ҷ.ҷ.), 
* «Мероси Оли Сомон» (Хуҷанд, 2001, 43,6 ҷ.ҷ.), 
* «Марҳалаҳои услубӣ ва таҳаввули анвоъи наср дар адабиёти классикии форсу тоҷик (асрҳои IX-XIII)» Хуҷанд, 2002,25 ҷ.ҷ.)
 
ва беш аз 100 мақолаи илмӣ - омавӣ нашр намудааст. 
Дар таҳияи ёдгориҳои хаттии асрҳои миёна, аз ҷумла: 
* «Хазору як шаб» (Душанбе, «Адиб», ҷилдҳои 1-2, с.1992),  
* «Сомониён дар оинаи таърих» (Хуҷанд, 1998, ҷ.1-2),  
* «Сафарнома»-и Носири Хусрав,  
* «Тарҷумаи Тафсири Табарӣ» ва диг. иштирок дошт. 
 
Осори нависандагони рус ва булғорро бо номҳои 
* «Фикри ҳар кас ба қадри ҳиммати ӯст» (Душанбе, Ирфон, 1998) 
* «Ҳикояҳои А.П.Чехов» (Душанбе, 1991) тарҷума кардааст.
== Мукофот ==
* Ҷоизаи «Камоли Хуҷандӣ» -и Ҳукумати вилояти СуҒд
* Соли 1999 ба узвияти Иттиҳодияи нависандагон пазируфта шуд.  
* Бо нишони Ҷумҳурии Тоҷикистон «Остона» сарфароз гардидааст. 
==Пайвандҳои беруна==
<references/>

[[Гурӯҳ:Олимони Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Омӯзгорони Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Филологони Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Олимони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд]]
[[Гурӯҳ:Рӯихати академикон]]
[[Гурӯҳ:Дорандагони унвонҳои фахрӣ аз Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Олимони Фарҳангистони улуми Тоҷикистон‎]]
[[Гурӯҳ:Олимони Китобхонаи миллии Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Дар Хуҷанд таваллудшудагон]]


{{bio-stub}}