Revision 305858 of "Ҳофиз" on tgwiki{{Зиндагинома
|Номи тоҷикӣ=Ҳофизи Шерозӣ
|Номи аслӣ={{lang-fa|'''خواجه شمس الدین محمد بن بهاءالدّین حافظ شیرازی'''}}
|Акс=Hofizi Sherozi.jpg
|Зодрӯз=1326
|Зодгоҳ=[[Шероз]]
|Даргузашт=[[1390]], Шероз
|Пеша=[[шоир]], адиб, ориф
}}
[[Акс:Mohammad Shams al-Din Hafez.jpg|thumb|250px|Тасвир аз тазҳиб аз нусхаи хатти девони Ҳофиз, ки дар осорхонаи Лондон нигаҳдори мешавад]]
'''Хоҷа Шамсиддин Муҳаммад ибни Баҳоуддин Ҳофизи Шерозӣ''' ({{lang-fa|'''خواجه شمس الدین محمد بن بهاءالدّین حافظ شیرازی'''}}) соли [[1321]] дар шаҳри [[Шероз]], ки даҳҳо адибони забардаст аз хоки он хестанд, ба дунё омада, тамоми умр дар он ҷо зистааст. Номи шоир Шамсиддин Муҳаммад ва тахаллусаш Ҳофиз аст. Сабаби “Ҳофиз’’ тахаллус гирифтани шоир он аст, ки ӯ Қуръонро аз ёд медонист ва ба 14 навъ онро тиловат мекард.
Бобои Ҳофиз, ки аз Купо ном музофоти Исфаҳон буд, ҳангоми ҷавонии падари Ҳофиз ба [[Шероз]] мекӯчад ва дар он ҷо иқомат ихтиёр мекунад. Падари Ҳофиз, ки Баҳоуддин ном дошт, дар Шероз ба касби тиҷорат машғул буд. Модари ӯ аз аҳли Козрун буд. Зиндагии осоишта дар хонадони Ҳофиз дер напоид. Ҳанӯз дар вақти тифл будани Ҳофиз падари ҷавони ӯ аз олам гузашт. Аз ӯ чанд фарзанди хурдсол ятим монданд. Дар андак вақт мероси гузоштаи падари Ҳофиз тамом шуд. Бародарони ӯ ба ҷустуҷӯи луқмаи ноне ба ҳар тараф рафтанд. Ҳофиз, ки дар байни онҳо аз ҳама хурд буд, бо модараш дар Шероз монд. Модар фарзанди худро аз хӯроку пӯшок таъмин карда натавониста, ӯро ба дари сарватманде ба хидмат дод. Ҳофиз баъд аз чанде ба хидмати нонвоӣ ба шогирдӣ истод ва касби хамиргариро пешаи худ сохт. Касби Ҳофизи хурдсол басе вазнин ва тоқатфарсо буд. Ӯ аз нимаи шаб то субҳ хамир мекард ва музди ба даст овардаашро ба чаҳор ҳисса тақсим мекард; як ҳиссаи онро ба модараш медод, як ҳиссаро худаш сарф мекард ва як ҳиссаи дигарро ба мактабдор дода, рӯзона дар мактаби ӯ мехонд. Чоряки боқимондаро ба бечорагон хайр мекард.
Дар мактаб Ҳофиз истеъдоди фавқулоддаи фитрӣ зоҳир намуда, Қуръонро зуд аз ёд кард ва хондану навиштанро низ ба хубӣ омӯхт. Дар маҳаллае, ки Ҳофиз мезист, дӯконе буд, ки онҷо аҳли адаб ҷамъ шуда, муошира ва базми сухан меоростанд. Ҳофиз низ гоҳ-гоҳе аз он маҳфил файз гирифта, ба машқи шеър оғоз кард. Лекин бештари вақти ӯ ба андӯхтани илм сарф шуда, Ҳофиз дар баробари мустақилона омӯхтани мероси форсизабонон забону адабиёти араб, ҳадису фиқҳ, ҳандасаву нуҷум ва Қуръонро бо ҷидду ҷаҳд омӯхта, дар андак замоне ҳамчун олим машҳур шуд. Ӯ ҳатто ба китоби машҳури ‘’Тафсири кашшоф’’ шарҳ навишт. Ҳофиз ҷое ба омӯзиши улум ишора карда мегӯяд:
:Илму фазле, ки ба чанд сол дилам ҷамъ овард,
:Тарсам он наргиси мастона ба яғмо бибарад
Аз ишораҳои худи ӯ муҳаққиқони гузашта ва имрӯза пай бурдаанд, ки ӯ соҳиби зану фарзанд будааст. Ба қавли муаллифи тазкираи «Хизонаи Омира» Ғуломалихони Озод, фарзанди калони Ҳофиз, ки Шоҳнуъмон ном доштааст, дар Ҳиндустон фавт карда будааст. Фарзанди дигари ӯ дар кӯдакӣ аз олам гузаштааст. Инчунин аз ашъори Ҳофиз маълум мешавад, ки ёри азизаш ҳам ӯро танҳо гузошта, оламро хеле пеш аз ӯ падруд гуфта будааст. Бар замми маҳрумиятҳои оилавӣ ва шахсӣ Ҳофиз аз замонаи шум низ азиятҳои зиёд мекашид.
Ҳофиз дар замоне ҳаёт ба сар мебурд, ки задухӯрдхои пайдарпаи ҳокимони маҳаллӣ мамлакатро хароб ва мардумро хонавайрон мекарданд.
Дар баробари нооромии замон, задухӯрдҳои ашрофзодагон, қатлу ғорати бегонагон аҳволи зиндагии Ҳофиз ҳам, бешубҳа тоқатфарсо буд. Махсусан ҳокимону давлатмандони Шероз ба қадри сухани Ҳофиз намерасиданд. Аз ҳамин ҷиҳат шоири бузургвор шикваҳо мекард.
:Сухандонию хушхонӣ намеварзанд дар Шероз,
:Биё, Ҳофиз, ки мо худро ба мулки дигар андозем.
Бо вуҷуди ин қадар парешонӣ Ҳофиз шабу рӯз кор мекард, шеър мегуфт. Ғазалхои намакини ӯ дар саросари кишварҳое, ки забони тоҷикӣ – форсиро медонистанд, ғулғулахо меафганд ва ба қавли Давлатшоҳи Самарқандӣ дар ҳама ҷо мақбули дилу ҳавоси мардуми авом мегардид.
Мураттиби номаълуми девони Ҳофиз низ пас аз андаки вафоти ӯ хабар медиҳад, ки шеъри Ҳофиз бо тамоми ҷалол ва шукӯҳ дар андак муддате ба ақсои Туркистон, Ҳиндустон, Ироқ, Озарбойҷон расида, ғазалҳои шӯрангези ӯ чунон маъқули хосу ом гашта буд, ки маҷлисе бе нуқли сухани завкомези ӯ равнақ намеёфт. Худи Ҳофиз низ шуҳрати ашъори шӯрангези худро чунин тасвир менамояд:
:Ба шеъри Ҳофизи Шероз мегӯянду мерақсанд,
:Сиёҳчашмони кашмирию туркони самарқандӣ.
:Ироқу Порс гирифтӣ ба шеъри хуш Ҳофиз,
:Биё, ки навбати Бағдоду вақти Табрез аст.
Овозаи Ҳофизро шунида, ҳокимони гуногун аз Ҳиндустону Ироқ мехоҳанд, ки Ҳофиз дар дарбори онҳо хидмат кунад. Ӯро бо ин мақсад даъват мекунанд. Чунончи, дар замони Муборизиддин, ки аҳволи Ҳофиз дар Шероз табоҳ буд, Султон Увайс ӯро ба Бағдод даъват мекунад. Дере нагузашта бародари ӯ Султон Аҳмад Султон Увайсро кушта, дар соли 1382 ба тахт нишаст. Ӯ низ хост, ки Ҳофизро ба дарбори худ ҷалб намояд. Вале Ҳофиз аз Порс ба ҷониби Бағдод рағбат накард ва ба хушкпораи нони ватани худ қаноат намуда, онро аз шаҳди шаҳрҳои ғарибӣ боло мегузошт. Ҳофиз Шерозро басе дӯст медошт ва ба он ифтихор мекард.
Аз ин рӯ, ба сахтиву зорӣ ҳам бошад, зиндагии Ҳофиз асосан дар Шероз гузаштааст ва дар тамоми умри худ ду бор ба Язд, як бор ба Исфаҳону Ҳурмуз ба сафар баромадани ӯро муҳаққиқон тахмин мекунанд.
Вафоти Ҳофиз дар соли 1390 мелодӣ вокеъ гардидааст. Ҳарчанд Ҳофиз кайҳо вафот кардааст, вале каломи шӯрангезу ашъори диловезаш ҳазорон шӯридагону ошиқони сухани форсиро тасхир намудаву барои ҳамешагӣ симои ӯро дар дилу дидаи дилбохтагон ва ҳаводоронаш зинда медорад.
:Биё, то гул барафшонему май дар соғар андозем,
:Фалакро сақф бишкофему тарҳи нав дарандозем.
:Агар ғам лашкар ангезад, ки хуни ошиқон резад,
:Ману соқӣ ба ҳам созему бунёдаш барандозем.
:Чу дар даст аст рӯде хуш, бизан мутриб, суруде хуш,
:Ки дастафшон ғазал хонему покӯбон сар андозем.
== Шуҳрати ҷаҳонии Ҳофиз ==
Ҳофиз бузургтарин шоири ғазалсарои тоҷик буда, дар таърихи адабиёти форсу тоҷик мақоми баланд дорад. Осори Ҳофиз асрҳо инҷониб дар сарзамини [[Эрон]]у [[Ҳиндустон]], [[Афғонистон]] ва [[Осиёи Миёна]] шуҳрат пайдо карда, дар дили ҳазорон пайравону муштоқонаш ҷой гирифтааст. Номи баланди Ҳофиз аз ҳудуди ватани худ – Эрон гузашта дар тамоми дунё машҳур шуд. Вай дар замоне, ки дар ҳаёти сиёсӣ ва ичтимоии Эрону Мовароуннаҳр бисёр воқеа ва ҳодисаҳои ногувор рӯй медоданд умр ба сар бурда ва бо қалами сеҳрангези худ ҳама беадолатию мардумфиребӣ, ҷахлу ғурури табақаҳои ҳукмрони ҷамъиятро фош мекард. Аҳамияти каломи шӯрангези Ҳофиз ва сирри шуҳрати шоири бузург дар ин аст, ки маънӣ ва мазмунҳои баланди назарӣ, панду ҳикматро бо суханҳои ширин баён кардаву ба ҳар мавзуъ аз равзанаи ишқ менигарад. Умуман Ҳофиз дар эҷод намудани шеър монанди як наққоши моҳир ҳар як маъниро бо рангхои зебо оро дода, маънӣ ва мазмуни шеърашро дилнишин намудааст. Аз ин ҷихат Ҳофиз ҳам монанди бисёр шоирони гузашта боварӣ дошт, ки шеъраш умри зиёде хоҳад дид.
Дар китобхонаҳои машҳури дунё, нусхаҳои девони Ҳофиз дар қатори пурарзиштарин осори инсоният маҳфузанд.
Намунаи ғазалиёти Ҳофизи Шерозӣ дар Ҳиндустон ва Арабистон, Туркия, Озарбойҷон, Осиёи Миёна, Россия, Олмону Ингилистон ва ғайра нашр ва тарҷума гардидаанд. Бисёре аз шоирони ғазалсаро, чун К. Ҳуҷандӣ, Ҳилолӣ, Фузулӣ, Навоӣ, Ҷомӣ, ва ғайраҳо аз ғазалҳои ӯ илҳом гирифта ва дар пайравии ашъори ҷаҳоншумулаш эҷод кардаанд. Шоирон ва мутафаккирони Аврупо низ ашъору афкори Ҳофизро тақлид карда, аз ашъори дилнишини ӯ баҳра ёфтанд. Ба ҳамин тариқ, шуҳрати Ҳофиз аз доираи мамлакати худ берун баромада, ба тамоми Шарқу Ғарб паҳн гардида, дар қатори бузургтарин шоирони дунё мақоми арҷманде гирифтааст. Яъне Ҳофиз яке аз он шоиронест, ки хусусиятҳои бисёр нозук ва латифи забони дарӣ – порсиро медонист. Дар тараққӣ ва ҳусну латофати ин забон хизматҳои тақдиршавандае кардааст, дар ашъори ӯ садҳо таркиб ва ибораҳои нав вомехӯрад.
Ҳофиз дар ғазалҳои ҷонгудози худ пеш аз ҳама ишқро тараннум карда, онро чун ёдгори бемунтаҳои инсоният ба қалам додаст. Осори Ҳофиз ба қатори дастовардҳои тамаддуни ҷаҳон дохил шудааст ва аз ин рӯ, ҳамчун яке аз бузургтарин шоири лириканависи беназир шуҳрати ҷахонӣ дорад. Ҳофиз ва шахсияти ин сухансарои номӣ диққати бисёр бузургони ҷаҳонро ба худ чалб кардааст. Бисёре аз устодони назм аз ангезаи шигифтангези ғазалиёти Ҳофиз баҳравар шудаанд ва дар ситоишу васфи каломи шӯрангези ӯ таассуроти хешро баён кардаанд. Бузургтарин намояндаи адабиёти ҷаҳонӣ шоири немиси асри XIX Гёте андешаҳои худро доир ба ашъори ин шоири тавоно ва илҳомбахш, пас аз ошноӣ пайдо карданаш бо эҷодиёти Ҳофиз навиштааст: “Эй Ҳофиз , сухани ту ҳамчун абадият бузург аст , зеро онро оғоз ва анҷом нест . Ту он сарчашмаи файзбахши шеъру нишотӣ, ки аз он ҳар лаҳза мавҷе аз паси мавчи дигар берун метаровад».
{{Poet-stub}}
<!--Саъди шерозӣ --!>
'''Шайх Муслихиддин Саъдии Шерози'''-яке аз [[ғазал]]сароёни бузург ва бузургтарин намояндагони [[адабиёти форсу тоҷик]] буда,бо бузургтарин асари худ дар байни тамоми мамлакатхои дунё маълуму машхур гаштааст. Шоир соли [[1184]] дар шахри [[Шероз]] ба дунё омада, дар айёми кӯдаки аз падар ятим монда, дар чавони ба Багдод рафта дар мадрасаи "Низомия" тахсили илм намуда аст. Пас аз хатми тахсил Саъди ба сайру саёхати мамлакатхои: Эрон, Арабистон, Осиёи Хурд, Миср, Шом, Хуросон, Мовароунахр ва гайрахо баромада, кариб Саъди 40 соли умри худро дар сафар мегузаронад. Баъди тахсил Саъди боз ба ватанаш бар мугардад. Нихоят дар синни 108-солаги, соли [[1292]] вафот карда, дар хоки Мусаллои Шероз мадфун мебошад. Аз осори шлоир куллиёте боки мондааст, ки ба шакли маснави, газал, тарчеъбанд, таркиббанд, касида, рубои эчод шудаанд, дар бар мегирад.Ва ба хамин маъни худи шоир мегуяд:
Шамсиддин соли 1321 дар шахри Шероз ба дунё омада, тамоми умрашро дар зодгохаш гузаронидааст.Номи шоир Шаисиддин Мухаммад ва тахаллусаш Хофиз аст.Сабаби Хофиз тахаллус гирифтани шоир он аст,ки у Куръонро аз ёд медонистааст.Падраш Бахоуддин ном дошт. Вай ба тичорат машгул мешуд. Хануз дар вакти тифл будани Хофиз падари чавони у аз олам мегузарад.Аз у чанд фарзанди хурдол ятим монданд.Бародаронаш барои чустани лукмаи худ ба хар су рафтанд.Хофиз,ки писари хурди буд б модараш меистад.Хофиз шаб кор мекрду руз мехонд.У якчанд муддат мурадиси кардааст.Дар тамоми умри худ ду бор ба Язду як бор ба Исфахону Хурмуз рафтааст.Вай соли 1390 вафоткардааст.
== Оромгоҳи Ҳофиз ==
[[Акс:Hafez_Mausoleum_in_Shiraz.jpg|right|400px|thumb]]
== Намунаҳо аз Шеърҳо ==
:Мароди монасихит буду гуфтем,
:Хаволат бар худо кардему рафтем...
:اگرچه باده فرحبخش و باد گلبيزست
:به بانگ چنگ مخور مى، كه محتسب تيز است
:Ин чи шурест,ки дар даври Камар мебинам,
:Хама офок пур аз фитнаю шар мебинам.
:Хар касе рузи бехи металабад аз айём
:Иллат он аст ки хар руз батар мебинам.
:Аблахонро хама шарбат зи гулобу канд аст,
:Кутти доно хама аз хуни чигар мебинам.
:Аспи този шуда мачрух ба зери полон,
:Тавки заррин хама дар гардани хар мебинам.
:Духтаронро чанг асту чадал бо модар,
:Писаронро хама бадхохи падар мебинам.
:Хеч рахме на бародар бо бародар дорад,
:Хеч шафкат на падарро бо писар мебинам.
:Панди Хофиз бишунав,хоча,бирав,неки кун,
:Ки ман ин панд бех, аз дуру гухар мебинам.
<!-- See Саъди Шерозӣ -->
[[Гурӯҳ:Шахсиятҳо аз рӯи алифбо]]
[[Гурӯҳ:Адабиёти Форсу Тоҷик]]
[[Гурӯҳ:Шоирони тоҷик]]
[[Гурӯҳ:Шоирони форсизабон]]
[[an:Hafez]]
[[ar:حافظ الشيرازي]]
[[arz:حافظ الشيرازى]]
[[az:Hafiz Şirazi]]
[[bat-smg:Hafėzos]]
[[be:Хафіз Шыразі]]
[[be-x-old:Гафіз]]
[[bg:Хафез]]
[[br:Hafez]]
[[bs:Hafiz (pjesnik)]]
[[ca:Hàfidh]]
[[ckb:حافز]]
[[cs:Chvádže Šamsuddín Muhammad Háfiz]]
[[cy:Hafez]]
[[de:Hafis]]
[[el:Χαφέζ]]
[[en:Hafez]]
[[eo:Hafizo]]
[[es:Hafez de Shiraz]]
[[et:Ḩāfez̧]]
[[fa:حافظ]]
[[fi:Muhammed Šemseddin Hafiz]]
[[fiu-vro:Hafez]]
[[fr:Hafez (poète)]]
[[gl:Hafez]]
[[he:חאפז]]
[[hi:हाफ़िज़]]
[[hif:Hafez]]
[[hr:Hafiz]]
[[hu:Háfiz]]
[[hy:Հաֆեզ]]
[[id:Khojeh Shamsuddin Muhammad Hafez Shirazi]]
[[ilo:Hafez]]
[[is:Hafez]]
[[it:Hafez]]
[[ja:ハーフェズ]]
[[ka:ჰაფეზი]]
[[kaa:Xafız Sheraziy]]
[[kk:Хафиз Ширази]]
[[ko:하피즈]]
[[la:Hafiz]]
[[lt:Hafizas]]
[[lv:Hāfezs]]
[[mhr:Хафиз Ширази]]
[[ml:ഹാഫിസ്]]
[[ms:Khojeh Shamsuddin Muhammad Hafez Shirazi]]
[[nl:Hafez (dichter)]]
[[nn:Hafez]]
[[no:Hafez]]
[[oc:Hafez]]
[[os:Хафиз Ширази]]
[[pl:Hafez]]
[[pnb:حافظ شیرازی]]
[[pt:Hafez]]
[[ro:Hafez]]
[[ru:Хафиз Ширази]]
[[rue:Гафіз]]
[[sah:Хафиз]]
[[sh:Muhamed Šemsudin Hafiz]]
[[simple:Hafez]]
[[sl:Hafis]]
[[sr:Мухамед Шемсудин Хафиз]]
[[sv:Hafez]]
[[sw:Hafez]]
[[ta:ஹாஃபீசு]]
[[tr:Hâfız (şair)]]
[[uk:Гафіз]]
[[ur:حافظ شیرازی]]
[[vi:Hafez]]
[[war:Hafez]]
[[zh:哈菲兹 (诗人)]]All content in the above text box is licensed under the Creative Commons Attribution-ShareAlike license Version 4 and was originally sourced from https://tg.wikipedia.org/w/index.php?oldid=305858.
![]() ![]() This site is not affiliated with or endorsed in any way by the Wikimedia Foundation or any of its affiliates. In fact, we fucking despise them.
|