Revision 332257 of "Саид Аҳмади Васлӣ" on tgwiki{{Зиндагинома
|Номи тоҷикӣ=Саид Аҳмади Васлӣ
|Номи аслӣ=
|Акс=Noimage.svg
|Зодрӯз=[[1870]]
|Зодгоҳ=[[Самарқанд]]
|Даргузашт=[[29 октябр]], [[1929]]
|Вазифа=[[шоир]]
}}
==Тарҷумаи ҳол==
'''Саид Ахмади Васлӣ''' дар соли 1870 таваллуд шуда, [[29 октябр]]и соли [[1929]] вафот намудааст. Саид Аҳмади Васлӣ аз гузари Кушхавзи Самарқанд буда, дар мадрасаҳои [[Самарқанд]], [[Тошканд]] ва [[Бухоро]] илмҳои расмии замонашро омухтааст.
Чанде дар Бухоро ва баъдтар дар Самарқанд мударрисӣ ҳам кардааст. Доир ба сарфу нахҳви арабӣ [["Нафъуттолиб"]] ном шарҳи кофия навиштааст. Сарфу нағви забони точикӣ-форсиро низ ба усули забони араб тартиб дода буд. Дар аввалҳои ҷорӣ шудани усули ҷадида дар Самарқанд баъзе рисолахои точикй таълиф кардааст. Баъзе таълифоти илмй ва таърихии дигар, низ дорад, ки кисме аз онхо ба чоп расида буд.
Аввалин девони ашъори Васлй такрибан иборат аз чағор ғазор байт буда, соли [[1909]] дар Самарқанд ба табъ расидааст.
Намунаи ашъори Васлй:
==Ғазал==
:Биё, биё ки ба ҷон оразат гулоб диҳад,
:Марав, марав, ки дилам рухро чавоб диҳад.
:Сазад, ки зинда кунй мурдаи гамат ба даме,
:Лабат ба сокии кавсар шароби ноб диғад.
:Якин, ки хусну чамолат зи мехру мох накуст,
:Ҳазор таъна зи хубӣ бар офтоб диҳад.
:Махи чабини ту оромгохи нуру сафост,
:Сафову нур ба хуршеду мохтоб дихад.
:Ба пир(ӣ) ман зи шароби лаби ту нӯш кунам,
:Ҳамон шароб маро қуввати шубоб диҳад…
:Рӯбарӯ то ба ман он шӯхи парирухсора шуд,
:Чайби тангинам зи як тири нигохаш пара шуд.
:То дучорам шуд шудам ночору зору мустаманд,
:Корам аз хайрат чу оина хаме наззора шуд.
:Гаштам аз дарду гамаш бечора набвад чорасоз,
:Дар илочам хар табиби чорагар бечора шуд.
:Гашта будам аз наволи хони васлаш сарфароз,
:Вокеъ аз ман шеваи эхсони у якбора шуд.
:Ман намедонам кй гардонид руяшро зи ман,
:Чашмам аз гиря ба куяш чашмаи фаввора шуд.
:Сухт охам хона метарсам, ки сузад оламе,
:Дуд будам, дуртар норафта оташпора шуд…
Аз мазмуни газал маълум аст, ки Васли дар иншои он аз як катор образхои шоиронаи услуби “бедилй” истифода бурдааст. Газалхои Васли дар равони писанди хамагонанд. Дар як газали узбекии Саидахмад Васлй чунин омадааст:
:Бир кеча хучрам сари, чоно шаоб айлаб келинг,
:Ой каби рухсорингизни беникоб айлаб келинг.
:Офтоби оразингиз бирла тунни кун килиб,
:Шум ракибим учраса каттик итоб айлаб келинг.
:Каши келганни киё бокмак ила бисмил этиб,
:Ишкингиз утига кунгиллар кабоб айлаб келинг.
:Кузларимдан учди уйку куз тутиб ташрифингиз,
:Эмди шахло кузларингиз нимхоб айлаб келинг.
:Сухбати мастонангиз яхши эрур эй масти ноз,
:Узни бир оз май ичиб масти шароб айлаб келинг.
:Васлии очиз дуоси булгусидир мустачоб,
:Касди бир нега дуои мустачоб айлаб келинг.
Ғазали мазкур низ дар қолаби анъанавӣ офарида шуда, қофия ва радифаш низ бамаврид дар шакли мувофиқ оварда шудааст. Иштиёки дидори ёр қаҳрамони лирикиро водор месозад, ки бар мавзӯи ишкӣ ғазал офарад. Ғазал аз лиҳози мавзӯъ ва мундариҷа низ пурра анъанавӣ буда, дар он васфи ҷамоли ёр бо воситаҳои тасвири бадеии анъанавӣ ифода гардидааст.
Аммо метавон дар ашъори Саидаҳмад Васлӣ оҳангҳои иҷтимоиро низ мушоҳида кард. Дар ин бобат таъсири адабиёти маорифпарварии точику узбек равшан намудор аст. Гарчи дар мавзуъ ва мундаричаи гоявии осори Васлй тачдиди назар мушохида карда шавад хам, колиб ва шакли осори бадеии у дар асосу суннатхои адабии классикӣ офарида шудааст. Маъюсию бадбахти, шикваю норозигии иҷтимоӣ, мавзӯҳои иҷтимоии ашъори шоирро асос гардиданд. Аммо бояд зикр кард, ки ин афкори адиб то ба дараҷаи мавзӯи асосии осори адиб қарор нагирифтаанд. Умуман то ибтидои асри ХХ дар осори адибони намоёнтарини тамоми ҳудудҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар саросари водии Зарафшон ва муҳити адабии Самарканд дар қатори мавзӯъ ва оҳангҳои нави иҷтимоӣ идомаи анъанаҳои аз ҳама хуби адабиёти классикиро низ мушоҳида кардан мумкин аст.
==Аз рубоиёт==
:Сарв арчи дарахти нотарошида бувад,
:Мавзунии ӯ ҳаме писандида бувад.
:Аз ростӣ шуд мушобеҳи қомати ёр,
:Он кас, ки дурӯғ гуфт, нодида бувад.
:Хуш он ки зи ҳимматаш саҳо меборад,
:Дар мазраъи дил ғами вафо мекорад.
:Дар дил тамаъе надорад аз ҳеҷ касе,
:Бадбахт касе, ки тамаъ аз кас дорад.
:Рӯят ба маҳу меҳри фалак мемонад,
:Кас пеши ҷамоли ту ба шак мемонад.
:Мондӣ ба дарад рақиби мардумозор,
:К-он шум ба кеши бад ба саг мемонад.
{{poet-stub}}
[[Гурӯҳ:Шахсиятҳо аз рӯи алифбо|*]]All content in the above text box is licensed under the Creative Commons Attribution-ShareAlike license Version 4 and was originally sourced from https://tg.wikipedia.org/w/index.php?oldid=332257.
![]() ![]() This site is not affiliated with or endorsed in any way by the Wikimedia Foundation or any of its affiliates. In fact, we fucking despise them.
|