Difference between revisions 298363 and 298364 on tgwiki{{манбаъ}} {{delete}}⏎ {{Зиндагинома |Номи тоҷикӣ=Фазлиддин Асозода |Номи аслӣ=Фазлиддин Асозода |Акс=Fazliddin.jpg |Зодрӯз=[[1 июн]]и с [[1980]] |Зодгоҳ= |Вазифа=[[рӯзноманигор]] }} '''[http://paikon.wordpress.com/%D0%B4%D0%B0%D1%80-%D0%B1%D0%BE%D1%80%D0%B0%D0%B8-%D0%BC%D0%BE/ Фазлиддин Асозода]''', 1-уми июни соли [[1980]] дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Соли [[1997]] ба факултаи рӯзноманигорӣ ва тарҷумонии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон (ҳозира ДМТ) дохил шуда, соли [[2003]] таҳсилро ба анҷом расонидааст. Солҳои донишҷӯӣ бо ҳафтаномаҳои «[[Ҷавонони Тоҷикистон]]», «[[Оила]]» ва рӯзномаи «[[Ҷумҳурият]]» ҳамкорӣ мекард. Баъди хатми донишгоҳ муддати 1 сол дар муҳоҷирати корӣ дар Русия қарор дошт. Солҳои [[2004-2005]] дар ҳафтаномаи «[[Тоҷикистон]]» ба ҳайси муҳаррири шӯъбаи иқтисодӣ кор кардааст. Баъдан ба сифати муҳаррири масъули ҳафтаномаи «Реклама-сервис», ҷонишини сардабари ҳафтаномаи иттилоотиву сиёсии «[[Нигоҳ]]» ва муҳаррири «[[Нигоҳ]]», сармуҳаррири бахши тоҷикии АМИТ «[[АМИТ Ховар|Ховар]]» фаъолият дошт. Аз моҳи майи соли [[2009]] то сентябри соли 2010 ҷонишини сармуҳаррир ва сармуҳаррири ҳафтаномаи ҷамъиятиву сиёсии «[[Пайкон]]». Аз моҳи сентябри соли 2010 то моҳи сентябри соли 2011 сармуҳаррири Оҷонсии иттилоотии TojNews буд. Аз сентябри соли 2011 инҷониб муҳаррири ҳафтаномаи "Фараж" аст. Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2008). Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2012). [[Гурӯҳ:Шахсиятҳо аз рӯи алифбо|*]] All content in the above text box is licensed under the Creative Commons Attribution-ShareAlike license Version 4 and was originally sourced from https://tg.wikipedia.org/w/index.php?diff=prev&oldid=298364.
![]() ![]() This site is not affiliated with or endorsed in any way by the Wikimedia Foundation or any of its affiliates. In fact, we fucking despise them.
|