Difference between revisions 298364 and 298365 on tgwiki

{{Зиндагинома
|Номи тоҷикӣ=Фазлиддин Асозода
|Номи аслӣ=Фазлиддин Асозода
|Акс=Fazliddin.jpg
|Зодрӯз=[[1 июн]]и с [[1980]]
|Зодгоҳ=
|Вазифа=[[рӯзноманигор]]
}}
'''[http://paikon.wordpress.com/%D0%B4%D0%B0%D1%80-%D0%B1%D0%BE%D1%80%D0%B0%D0%B8-%D0%BC%D0%BE/ Фазлиддин Асозода]''', 1-уми июни соли [[1980]] дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Соли [[1997]] ба факултаи рӯзноманигорӣ ва тарҷумонии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон (ҳозира ДМТ) дохил шуда, соли [[2003]] таҳсилро ба анҷом расонидааст. Солҳои донишҷӯӣ бо ҳафтаномаҳои «[[Ҷавонони Тоҷикистон]]», «[[Оила]]» ва рӯзномаи «[[Ҷумҳурият]]» ҳамкорӣ мекард. Баъди хатми донишгоҳ муддати 1 сол дар муҳоҷирати корӣ дар Русия қарор дошт. Солҳои [[2004-2005]] дар ҳафтаномаи «[[Тоҷикистон]]» ба ҳайси муҳаррири шӯъбаи иқтисодӣ кор кардааст. Баъдан ба сифати муҳаррири масъули ҳафтаномаи «Реклама-сервис», ҷонишини сардабари ҳафтаномаи иттилоотиву сиёсии «[[Нигоҳ]]» ва муҳаррири «[[Нигоҳ]]», сармуҳаррири бахши тоҷикии АМИТ «[[АМИТ Ховар|Ховар]]» фаъолият дошт. Аз моҳи майи соли [[2009]] то сентябри соли 2010 ҷонишини сармуҳаррир ва сармуҳаррири ҳафтаномаи ҷамъиятиву сиёсии «[[Пайкон]]». Аз моҳи сентябри соли 2010 то моҳи сентябри соли 2011 сармуҳаррири Оҷонсии иттилоотии TojNews буд. Аз сентябри соли 2011 инҷониб муҳаррири ҳафтаномаи "[http://faraj.tj/ Фараж]" аст. Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2008). Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2012).

[[Гурӯҳ:Шахсиятҳо аз рӯи алифбо|*]]