Difference between revisions 307812 and 308107 on tgwiki

{{манбаъ}}
'''Исёни Муқаннаъ''' - (776-780/783) - [[Ҳошим ибни Ҳаким]] -  [[Муқаннаъ]] дар деҳаи Козаи наздикии ш. Марв зиндагӣ мекард. Номи аслии ў Ҳошим ибни Ҳаким  ва Муқаннаъ бошад, лақаби ўст. Худи калимаи "[[Муқаннаъ]]" арабӣ буда, маъниаш [[чодарпўш ва ё ниқобдор]] аст. Ин лақаб ба иллати он, ки Муқаннаъ ҳама вакт ба рўяш чодари сабз пўшида мегашт, ба ў дода шудааст. Исёни Муқаннаъро таърихнависон бештар шўриши сафедҷомагон мегўянд. Ў дар лашкари Абумуслим мансаби сарҳанг(contracted; show full)деҳи мудофеони қалъаи Сиём  Сармоҳа бо се ҳазору сесад нафар исёнгарон ба сарлашкари араб Саид ал-Ҳаррошӣ таслим мешавад, вале Муқаннаъ ба душман зинда таслим шудан нахоста, худро ба оташи танўри фурўзон партофта, ба ҳалокат мерасад. Ҳамин тавр ин шўриш [[соли 783]] пахш карда мешавад, вале пайравони Муқаннаъ то муддатҳои тўлонӣ зингдагӣ мекарданд ва номи пешвои худро низ зинда нигоҳ медоштанд.

== Пайвандҳои беруна == 
 
{{таърих-нопурра}}
 
[[Гурӯҳ:Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Таърихи Тоҷикистон]]
[[ru:Муканна]]