Difference between revisions 550661 and 570061 on tgwiki

Вафот ва шањодати халифаи чањорум Алї пеш аз сапедадам дар шаби љумъаи бисту якуми моњи Рамазони соли чињилуми њиљрї (баробар бо соли 661 милодї) иттифоќ афтод. Адї дар бомдоди нуздањуми њамон моњ, њангоме ки аз хона барои адои намози субњ берун омада ва ба масљид ворид шуд, мавриди њамлаи яке аз хавориљ бо номи Ибни Мулљам ќарор гирифт ва аз зарбаи ногањонии шамшери зањролуди ӯ, ки ба фарќи сараш фуруд омад, захмї гардид. 
(contracted; show full)од ва гуфт: «Чун Њасан бо ту дарояд ин дасторча ӯро дењ то хештанро бад-ин пок кунад» пас чун Њасан бо ӯ гирд омад, он дастрча ӯро дод. Њасан хештанро пок кард ва он зањр андар андоми Њасан кор кард ва андар он њалок шуд ва гурӯње гуфтанд, ки шарбате зањр фиристод Муовия ба Асмо, то ӯ мар Њасанро дињад ва низ гуфтанд, ки Муовия Асморо, зани Њасан бипазируфта буд, ки то дањ њазор мард ба ту дињам ва дањ зайъат ба саводи Ироқ андар. Баъди шањид шудани Њасан, Муовия бифармуд, то ӯро бикуштанд  [1, 1157-1162].

[[Гурӯҳ:Хилофати Араб]]