Difference between revisions 570533 and 570539 on tgwiki'''Алӣ ибни Абу Толиб''' — халифаи чаҳорум⏎ Вафот ва шаҳодати халифаи чаҳорум Алӣ пеш аз сапедадам дар шаби ҷумъаи бисту якуми моҳи Рамазони соли чиҳилуми ҳиҷрӣ (баробар бо соли 661 милодӣ) иттифоқ афтод. Алӣ дар бомдоди нуздаҳуми ҳамон моҳ, ҳангоме ки аз хона барои адои намози субҳ берун омада ва ба масҷид ворид шуд, мавриди ҳамлаи яке аз хавориҷ бо номи Ибни Мулҷам қарор гирифт ва аз зарбаи ногаҳонии шамшери заҳролуди ӯ, ки ба фарқи сараш фуруд омад, захмӣ гардид. (contracted; show full) ин дасторча ӯро деҳ то хештанро бад-ин пок кунад» пас чун Ҳасан бо ӯ гирд омад, он дастрча ӯро дод. Ҳасан хештанро пок кард ва он заҳр андар андоми Ҳасан кор кард ва андар он ҳалок шуд ва гурӯҳе гуфтанд, ки шарбате заҳр фиристод Муовия ба Асмо, то ӯ мар Ҳасанро диҳад ва низ гуфтанд, ки Муовия Асморо, зани Ҳасан бипазируфта буд, ки то даҳ ҳазор мард ба ту диҳам ва даҳ зайъат ба саводи Ироқ андар. Баъди шаҳид шудани Ҳасан, Муовия бифармуд, то ӯро бикуштанд [1, 1157-1162]. [[Гурӯҳ:Шахсиятҳо:Хилофати Араб]] All content in the above text box is licensed under the Creative Commons Attribution-ShareAlike license Version 4 and was originally sourced from https://tg.wikipedia.org/w/index.php?diff=prev&oldid=570539.
![]() ![]() This site is not affiliated with or endorsed in any way by the Wikimedia Foundation or any of its affiliates. In fact, we fucking despise them.
|