Difference between revisions 570062 and 570533 on tgwikiВафот ва шаҳодати халифаи чаҳорум Алӣ пеш аз сапедадам дар шаби ҷумъаи бисту якуми моҳи Рамазони соли чиҳилуми ҳиҷрӣ (баробар бо соли 661 милодӣ) иттифоқ афтод. Алӣ дар бомдоди нуздаҳуми ҳамон моҳ, ҳангоме ки аз хона барои адои намози субҳ берун омада ва ба масҷид ворид шуд, мавриди ҳамлаи яке аз хавориҷ бо номи Ибни Мулҷам қарор гирифт ва аз зарбаи ногаҳонии шамшери заҳролуди ӯ, ки ба фарқи сараш фуруд омад, захмӣ гардид. ⏎ ⏎ Алӣ тайи панҷ солу шаш моҳ, ки хилофат кард, пайваста гирифтори ҷанг буд ва се гурӯҳ аз мухолифони ӯ буданд. Гурӯҳи нахустин касоне буданд, ки бо ӯ байъат карда, сипас паймоншиканӣ карданд ([[Талҳа]] ва [[Зубайр]]), ононе, ки аз тобеият ба Алӣ сар боз заданд [[Муовия писари Абусуфиён|Муовия ибни Абусуфия]] ва ононе, ки аз дар дин навоварӣ ҷорӣ карда, аз он берун рафтанд (чун хавориҷи Наҳравон). (contracted; show full)ия Абдуллоҳ ибни Омир ва Абдураҳмони Сумраро бифиристод сӯи Ҳасан. Ва он ҳама шарт, ки карда буд, бипазируфт, магар лаънат кардан ба Алӣ разия-л-Лоҳу анҳу ва-т-таҳия. Гуфт: «Барнагирам». Ва ба ҳама шаҳрҳои Шом андар чунон буд, ки хатиб рӯзи одина хутба кардӣ, аз паси хутба бар Алӣ (р) лаънат кардӣ. Муовия гуфт: «Чун рӯзи одина ту он ҷо ҳозир бошӣ, хатибро бигӯям, то пеши ту лаънат накунад». Пас Абдуллоҳ ибни Омир ва Абдураҳмон ибни Сумра байъат бо Ҳасан ибни Алӣ (р) бигрифтанд ва бар ҳама фарзандони Алӣ. ⏎ ⏎ Муовия нома кард ба зани Ҳасан – Асмо бинти Ашъас ибни Қайс ва гуфт: «Агар ту Ҳасанро ҳалок кунӣ, ман туро ба писари хеш диҳам – Язид алайҳи-л-лаъна» пас Асмо нома кард ба ҷавоб, ки ман надонам, ки чӣ гуна бояд ҳалок бояд кардан. Пас Муовия дасторча заҳролуд кард ва ба Асмо фиристод ва гуфт: «Чун Ҳасан бо ту дарояд ин дасторча ӯро деҳ то хештанро бад-ин пок кунад» пас чун Ҳасан бо ӯ гирд омад, он дастрча ӯро дод. Ҳасан хештанро пок кард ва он заҳр андар андоми Ҳасан кор кард ва андар он ҳалок шуд ва гурӯҳе гуфтанд, ки шарбате заҳр фиристод Муовия ба Асмо, то ӯ мар Ҳасанро диҳад ва низ гуфтанд, ки Муовия Асморо, зани Ҳасан бипазируфта буд, ки то даҳ ҳазор мард ба ту диҳам ва даҳ зайъат ба саводи Ироқ андар. Баъди шаҳид шудани Ҳасан, Муовия бифармуд, то ӯро бикуштанд [1, 1157-1162]. [[Гурӯҳ:Шахсиятҳо:Хилофати Араб]] All content in the above text box is licensed under the Creative Commons Attribution-ShareAlike license Version 4 and was originally sourced from https://tg.wikipedia.org/w/index.php?diff=prev&oldid=570533.
![]() ![]() This site is not affiliated with or endorsed in any way by the Wikimedia Foundation or any of its affiliates. In fact, we fucking despise them.
|